Бахшҳо

Назарбоев: Амрикоиҳо Тоҷикистонро аз Афғонистон фарқ намекунанд, аммо...

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон хостори тағйирот дар низоми маориф, аз ҷумла роҳандозии низоми 5-рӯзаи таълим дар кишвараш шудааст.

Назарбоев имрӯз, 26 апрел зимни ҷаласаи XXIV-уми Ассамблеяи халқии Қазоқистон дар Остона таъкид кардааст, ки навгониҳо дар низоми маориф, аз ҷумла роҳандозии низоми 5 рӯзаи таълим дар баррасии мардум гузошта шавад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон аз ҷумла пешниҳод кардааст, ки имкон дорад, рӯзҳои таълим аз ҳисоби якҷо кардани чанд фан кам карда шаванд. Ӯ суол гузоштааст, ки имкон дорад, забон ва адабиёти қазоқ як фан карда шаванд? Забон ва адабиёти рус низ. Таърих ва ҷуғрофия?”

Назарбоев аз сарбории зиёди кӯдакон дар низоми таълими кишвараш суҳбат карда, афзудааст, ки чунин сарборӣ дар ягон кишвари ҷаҳон нест: “Мо баъзан амрикоиҳоро танқид мекунем, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон фарқ намекунанд. Воқеан чунин аст, онҳо инро давоми ҳаёташон мефаҳманд. Он ҷо таълим медиҳанд, ки чӣ гуна зиндагӣ кардан даркор, чӣ гуна донишҳоро дар ҳаёт бояд татбиқ кард ва чӣ тавр дар зиндагӣ бояд ба по хест... Аммо кӯдакони бечораи мо аз субҳ то шом рӯзи равшанро намебинанд”.

Ӯ пешниҳод намудаст, ки ин масоил бо мардум баррасӣ карда шаванд ва таъкид намудааст, ки навгониҳо бояд барои беҳбуди низоми маорифи кишвараш хизмат кунанд, чун ин масъалаи ояндаи кӯдакон, ояндаи кишвар аст: "Таҷрибаҳои ноозмуда дар таълими кӯдакон набояд роҳ дода шаванд".
Мӯҳр
Лутфан мефармудед, ки вожаи "аз сарбори" дар ин хабар чи маьно дорад? Е Шумо донишатон боло рафтааст, е мо бесовод))

точдор
аку хамин шарт буд точикистона мисол овардан?

Точик
Казокистонро аз Кореяи Шимолию Мугулистон низ фарк намекунанд хаммаш чашмтангда. :)

миллати мора паст зад ин мардак, чаро ин мисолро овард,ин ........

Дар хар кучо аз забони ягон кас номи Точикистона шунидед дарав менависед, ки фалони Точикистон гуфт? Ягон маъние дар ин макола надидем. Аз сарлавхааш дарав ин мавзуро кушодам. Маскара мекунед мардума.

ман
О мардум бовар кунед ин хабар хабари бехтарин аст
мисол овардани Точикистону Афгонистон ягон майда тахкир нест
як вакти дигар хами худамон мегем мо бо афгонистон бародарем онхо хам точиканд гузашта аз ин Назарбоев надонистани чугрофиёро аз чониби мардуми ИМА овардааст ки ин тахкир аст ба мардуми ИМА
ва боз фикри бехад хуб Точикистон хам ба таълими панчруза гузарад
фанхои моро хам мешавад ихтисор ва ё омехта кард

Ташакур Ба Джаноби Назарбоев , Маркетологи нагз будаеду .......

Саид
ИН МИСОЛАТ НАШУД, ҶАНОБИ РАИСИ ҶУМҲУР!
АМРИКОИҲО ВА ҚАВМИЯТҲОИ ДИГАР АФҒОНИСТОНРО ХУБ МЕДОНАНД ВА БЕҲТАР АЗ ДИГАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА...
АММО ФАРҚРО БАЙНИ ҚАЗОҚИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БОЯД БА ТАКРОР ШАРҲ ДИҲӢ, ТО БИФАҲМАНД, КИ ДУ КИШВАРИ АЛОҲИДА ҲАСТАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)