Бахшҳо

Пешниҳоди номзадии Э. Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел

Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта, пешниҳод кардааст, номзадии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расман барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод шавад.

Ба ақидаи Насриддинов, ин пешниҳод бояд аз ҷониби парлумони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар ба ниҳоди дахлдори ҷоизаи Нобел ироа гардад. Ба бовари ӯ, Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳи Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ на камтар аз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, хизмат кардааст.

Ин сиёсатмадори собиқадори тоҷик дар суҳбат бо “Азия Плюс” таъкид намудаст, ки феълан ҳеч кас дар ҷаҳон наметавонад хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро инкор кунад: “Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое зимоми қудратро ба дасти худ гирифт, ки Тоҷикистонро хатари азбайнравӣ таҳдид мекард. Дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёр сиёсатмадорҳои таҷрибадори он замон намехостанд роҳбарии давлатро ба уҳда гиранд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ин бори гаронро ба дӯш гирифт ва эълон намуд, ки “ман ба шумо сулҳ меорам”.

Ҳикматулло Насриддинов соли гузашта пешниҳод карда буд, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад. Ба таъкиди ӯ, дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.

Аз ин пештар вай пешниҳод карда буд, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
Мӯҳр
Хар кас бо мак.сади мугризонаи худ харфе бигуяд, шумо хабар сохта пахш мекунед?! У ки хушомад мегуяд, то ба максаде бирасад, шумо чи мехох,ед?

Мукофоти Нобель????? Барои он ки 2 миллион нафар дар мухочиратанд???? Барои он ки 4-5 миллион кудак дидори гарми падару модаронашонро молэои дароз намебинанд???? Барои он ки муйсафеду кампирхо як умр дар ташвиши фарзандони дар гариби буданашонанд????? Барои он ки аз камбагали набудани шароит фарзандашро ба мактаб равон карда натавонистагонро 4-5 хазор сомони чарима бастан???? Барои он ки ба мардум ош дода аз мехнати хаку халоли худ бо ба давлат 4-5 хазор чарима супоридан гуе ки конунро вайрон карда бошад???? Барои он ки дар вакти чун шумо мегуед тинчу ороми хар руз як чавонмарди точикро дар артиш мекушанд барои хамин е кариб ки хар руз зани точик худро бо хаирохии фарзандон ба марг махкум мекунан барои ин бошад????Мухтарам акаи Хикматулло!!! Барои хамаи ин чоизаи Нобель??? Точикистонро ба Амрико нисбат надихед!!!! Мардум аз ончо намегурезанд... баракс хама он тараф шитоб мекунад!!!

Абдуллох Карими
Акам Хикматулло! Чи шуд ки ин мавзеи Шумо тагир ефт! Фаромуш кардед,ду се сол кабл.Шумо мегуфтед, аз оне ки ин одамро,яьне Э. Рахмонро, дар замоне ки мансаб доштед, ба раисии колхоз, пешниход кардед, пушаймонед! Хатто мегуфтед,ин амали худро хеч гох намебахшед! Аммо бори дуввум аст,ки Шумо пешниходи тамаллукомезе мекунед, ки хеч ба шахсияти Шумо муносиб нест

Рустам
Ин шармандаги, дар Амрико одамон дар як мох то 10 хазор доллар маош мегиранд, дар Точикистон чи? 500 сомони. Ин муйсафед мехохад бо ин фарзандони худро сохиби вазифазои баланд гардонад. Духтарро муовини вазир аа писарашро ба ягон вазифаи баландтар.

Вакил
Хамин Хикматулло Насриддинов хангоми интихоби ЭМОМАЛИ РАХМОН хамчун Раиси Шурои Оли ва баъдан дар интихоботи президентиаш хам зид буд,аммо вактхои охир таги махсусан дусоли охир дар бораи хизматхои Президент хамчун ходими сиёси бисёр гуфта мегузарад инхел одамхоро дуруя мегуянд ва ба тарзи дигар лагандбардор бе хамин суханхои ин ходими дар нохунак мардум худаш нагз хизматхои Эмомали Рахмонро медонад ва рохбари давлати мо ба чунин падхалимаж ниёзхам надорад..........

Барои он мардум хама ончо мешитобанд, ки тамоми даргирихои дунё аз ончо сар мезанад ва онхо аз бадбахтихо орианд. Баъдан аксари рафтагон баъд аз рафтан чун дарк мекунанд, ки Амрико он амрикои афсонави нест, дигар рохи гурезашона намеёбанд!

Али
Это называется культ личности,когда то Хаыиз Асад тоже самое делал и его сын продолжил дело отца а сегодня мы видим результат этих "миротворцев" ,вы ведете государство точно по этим путям которые вели клан Асадов Сирию.

Али,
Горько в этом признаться, но ты прав, Али. И что обидно, мы никак не в силах остановить эту трагичную участь для страны...

Ин бародар Хикматуло кораш факат хушомадгии Рахмонов будааст. Нимпакараша дар хавлинат мон ва кахрамони хонаат элон кардан гир. Шумо у мардака маскара кардестен. Хамин хел гап мезанен, ки аз у хамма рози хастанд. Дар точикистон хамаги 10% инам хамон элита аз у розианд... Хамма тарафи мукобл ки бояд дар сул авф мешуданд, куштед, ин чи хел сулх будааст? Хости, ки президенти як умара бошад, шуд боз чи мехохи? То соли 2020 презенти карда тавонат пагамбаратон шукр гуед.

Мусофир
Я смеюсь,но это не от радости,от вашего безумие милые вы наши чиновники,как вам не стыдно!

Абдуллох Карими,
Вакил,
Рустам,
Шумоён ҳар касе ҳастед, Насрединовро хуб медонистаед.
Рустам ба суоли чаро ин мард ин корро мекунад ҷавоби мантиқие дод. Писари Насрединов ҳоло сафир, духтараш дар як идораи давлати кор мекунад. Агар аз ҳамон китоби соли 98 чоп кардааш бошад, яктояша ба Президент фиристода лозим, то ба ёдашон биёд ки ин мард кӣ буд.
Дар ҳақиқат ин мард ҷасур аст ва якравии кӯҳистониаш ҳам ҳаст. То ду се сол пеш дар бораи президент ва вазирон гапашро нотарсида дар ҳама ҷо мегуфт ва гапаш ҳамаш ҳақ буд. Аз афташ вазнинии зинданӣ маҷақ карда монд ки ба тамаллуқу хушомадгӯӣ даромадааст.
Ба ӯ гуфтаниам ки бас кунад ин маҳзакабозиро, намезебад. Барои моли дунёву вазифаи фарзандон шуда дар пеши дӯстон худро паст назанед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)