Бахшҳо

Марди эътирозгари тоҷикро ба Душанбе фиристоданд (ВИДЕО)

Абдуллоҳ Рӯзиев, муҳоҷири 36-солаи тоҷик, ки баъди зуҳри 27-уми апрел дар Остона бо таҳдиди худкушӣ хостори мулоқот бо Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон шуда буд, ба Ватан баргаштааст.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Рӯзиев мушкили молӣ дошт ва пеш аз зуҳри имрӯз, 28-уми апрел ба Душанбе фиристода шуд: “Аз Остона ба Алмато ва аз он ҷо ба Душанбе фиристода шуд. Ҳавопаймо аллакай дар Душанбе фуруд омад ва Рӯзиев дар Ватан қарор дорад. Худаш барои бозгашт ба Ватан эътирозе баён накард”.

Абдуллоҳ Рӯзиев, сокини 36-солаи вилояти Суғд 27 апрел болои пули «Аркар», дар рӯбарӯи бинои Суди олии Қазоқистон баромада, бо корд таҳдид кардааст, ки ба худ осеб мерасонад. Ӯ афзудааст, ки агар бо Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон мулоқот накунад, аз болои пул худро поин мепартояд. Баъди он, ки Равшан Бобохонов, мушовири сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, Рӯзиев аз пул поин фаромада, дар як суҳбати кӯтоҳ иқдомашро чунин шарҳ дод: “Хостам, ҳаётамро наҷот диҳам. Бигзор бисёриҳо бинанд, ҳамаро кушта наметавонанд ку. Дигар шарҳе надорам”.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 27 апрел дар тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки Рӯзиев дар роҳи сафараш ба Маскав аз сарҳади Қазоқистон бо Русия бозпас гардонда шудааст. Манбаи “Озодагон” гуфт, “Рӯзиев аз Русия депорт шудааст, аммо боз талош кардааст, ки пиёда тариқи саҳро вориди Русия шавад, аммо марзбонон ӯро бозпас гардондаанд. Баъди чанд рӯзи саргардонӣ ӯ бо ин роҳ хостааст, бо сафири Тоҷикистон мулоқот кунад. Айни ҳол Рӯзиев дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон қарор дорад ва вазъаш хуб мебошад. Феълан масъулини сафорат ба ҳалли масъалаи бозгашти Рӯзиев ба Ватан машғуланд, зеро худи ӯ ҳатто роҳкиро надорад”.


Акси Рӯзиев дар роҳи бозгашт ба Ватан:

Марди эътирозгари тоҷикро ба  Душанбе фиристоданд (ВИДЕО)


ВИДЕОҲОИ қазия:



Мӯҳр
мехмон
Мухочирон аз зиндаги ва сахтихои зиндаги ба чи корхое даст намезананд. Бояд чораи халли ин мушкилотро дар макомоти олии хукумат бинанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)