Бахшҳо
28 апр 2016 16:37Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шаҳноз: Нагузоштанд, ки дар назди Президент баромад кунам

Як ҷавондухтар аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегӯяд, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмонро надодаанд.

Шаҳнози Ниёзбоқӣ мегӯяд, қарор буд 23 марти соли равон дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳраки Бӯстони маркази ноҳия, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар қатори дигар духтарон ӯ ҳам баромад мекард. Шаҳноз имрӯз, 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, “чанд моҳ қабл аз сафари Президент омодагӣ гирифтем. Ба чашми худам дидам, ки дар рӯйхати пешниҳодшуда барои суханронӣ кардан, номи ман ҳаст, лекин баъдан онро аз феҳраст берун кардаанд”.

Ӯ гуфт, вақте барои фаҳмидани сабабҳои ин ҳолат ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кард, барояш гуфтаанд, дар вилоят чунин тасмим гирифтаанд. “Назди раиси вилоят рафтам, гуфтанд, ки шуморо бори аввал мебинем ва рӯйхат аллакай пешниҳод шудааст”.

Шаҳноз афзуд, баъди ин аз ҳукумати ноҳия дархост кард, то сабаби аз рӯйхат гирифтани номашро хаттӣ шарҳ диҳанд: “Дар ҷавоби хаттӣ посух омад, ки барои баромад кардан дар назди Ҷаноби олӣ бояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошта бошед”.

Дар мактуби хаттии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, ки як нусхаи он ба дасти “Озодагон” ҳам расид ва зери он муовини раиси ноҳия Умарзода. З.В. имзо гузоштааст, гуфта мешавад, “дар озмуни баромад дар назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт”.

Шаҳноз Ниёзбоқӣ мегӯяд, баъди дарёфт кардани ҷавоби хаттӣ хоҳиш кард, ҳадди аққал ҳамчун иштирокчии қаторӣ вориди базмгоҳ шавад, аммо муваффақ нашуд. Ӯ иддао дорад, дар ҳукумати ноҳия гумон кардаанд, дар назди Президент аз кадом мушкили худ ҳарф мезанад, аз ин рӯ номашро аз рӯйхат берун карда, ҳатто иҷоза надодаанд, ки ба майдони баргузории чорабинӣ ворид шавад. Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ бар ин аст, ки далели иҷозаи суханронӣ ва вуруд ба базмгоҳ наёфтанаш ин аст, ки соли 1998 ҳангоми исёни Маҳмуд Худойбердиев дар Суғд падари ӯ кушта шуд: "Дар ҳукумати ноҳия фикр кардаанд, ки ман дар назди Эмомалӣ Раҳмон аз марги падарам қисса мекунам. Вақти озмун шунидам, ки як намояндаи ҳукумат гуфтааст, ин духтар рӯзҳои сахтро дидааст, мабодо аз куштори падараш ҳарф назадад? Боз фикр мекардаанд, шояд ман аз Президент хонаи истиқоматӣ талаб мекунам”.

Аммо ин ҷавондухтар мегӯяд, ҳадафаш танҳо изҳори сипос ба Президент буду бас: “Соли 2007 вақте Ҷаноби олӣ ба ноҳияи мо омада буданд, аз он кас хоҳиш намудам, ки барои ман квотаи президентӣ ҷудо намоянд, то дар донишгоҳ таҳсил кунам. Хушбахтона ин хоҳиши маро дастгирӣ намуданд ва соли 2012 донишгоҳро хатм кардам. Мақсади ман аз суханронӣ ин навбат танҳо миннатдорӣ баён кардан буд”.

Нусхаи мактуби ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ

Шаҳноз: Нагузоштанд, ки дар назди Президент баромад кунам

Мӯҳр
Гунги тутала.
Раиси вилоятро садкаи як коши ту кунад худо!Инхо хамин хели рохбаранд.Мабодо шикоят кунед,гуфт тарсидаанд.Бовари дорам духтарони онхо ними хусни туро надоранд,гули зебои масчохи!Хазор чавон ошики хусни туянд.Гам махур,сарбаланд бош!

мехмон
Аз ин маълум мешавад ки факат ориёихо ба президент суол мекунанд. Чи гуна озмун барои суол кардан ба президент ?? Магар моделу хушкаду коматхо суол мекунанду дигарон не?
Агар пири фартут ё касале хочат дорад ба ки мурочиат кунад ?
Ба фикрам ин нодуруст хаст !!! Оё дастгохи президент инро медонад ? Оё мушовирон инро медонанд??
Дар Точикистони мо чанд миллат зиндаги мекунанд ва онхо хукуки суол карданро надоранд ? Киргизони Чиргатол ва лакайхо чи кор кунанд ?

Симоят ориёи духтарчон . Зик нашав

Хохари азиз Шахноз! Хафа нашавед, ин хама баромадхои назди Президент сунъи ва сохта мебошанд. Бино бар раисони нохияву шахрхо, Президент набояд дарди дили мардумро шунавад, он бояд танхо ситоиш ва таърифу тавсифро шунавад. Раисон намехоханд, ки ягон камбудии онхо фош шавад. Критеряхои баромад мекардагихоро бинед а? Зебо, коматбаланд. Инба кучо рост меояд. Чи гуна озмун бояд гузашт? Озмун барое, ки кани ки бехтар тахсину таъриф карда метавонад? Ин сохтакориву таърифу тавсифи сунъи то кай давом мекунад? То хол ягон маротиба нашудааст, ки ягон каси назди Президент баромад мекардаги ягон камбудиро гап зана. Чунки калоншавандагони нохия то вилоят хама вакт махдудият эчод мекунанд. Онхо намехоханд Президент хакикатро донанд........Бинобар ин, Шахноз хафа нашав, ту танхо нести.

Ба дурусти ки мо Одамиро дар некутарин сурат офаридаем

Ориёи
Шумо киёфаи ориёи надоред гуфта конслагермо напартон созай.))))))

"....барои баромад кардан дар назди Ҷаноби олӣ бояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошта бошед..." ))))) Маразми точики. Камтари дигар мондаст, ки чиновникхои точик аз президент пайгамбар созанд. Эхтимол, туркманхоро акнун бо як нул мезанем... Лекин хукуки шахрванд ба мурочиат чи мешавад?

Сорбони Ошик.Нева
Мардуми кухистон симои ориени доранд.Масчохихо ориении кухистонианд.Нангу номус барои мардони масчохи,ин чон бохтан аст.Ин тавр ки бошад,Шахноз хохари акаш ба суд мурочиат намо!Барои хусумати милливу нажоди ва забону миллат.Кур гаштаанд,ки як духтарчаи одди кухистониро чехраашро ,ки сад андар сад ориени аст,катьи назар кардаанд?Ое кам аст шахсони боломакоми Точикистон,ки маьнии ориениро намедонанду хатто киефаи худи онхо ба точик будан монанд нестанд,ориени он тараф истад.

Миршариф
Ох бо шумора африка бурда напартонта эхтийот кнен

Акнун мефахмам, ки барои дар назди Президент баромад кардан дар шахру нохияхо озмун мешудаст.

Магар Пешво факат пешвои орийосурато хаст йо Пешвои хамаи мо? Ачиб....одама дар ЧТ факат аз руи сураташ бахо медихан? Ба фикрам ин мансабдора аз вазифа сабукдуш карда, ба назди Хитлер равон каран даркор
Барзу,
Гунги тутала.,

Бечорахо мансабдорон настраенихои пешво вайрон нашава гуфта харчи-харчи гуфтан мегиран

барои баромад кардан дар назди Ҷаноби олӣ бояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошта бошад.
ХАХАХХАХАХАХАХ Чаноби ОЛИ дарди дили мардумро гуш куни мерад е жюрии конкурси кросоти мебошад.

Д.БОБОХОЧА
Ба РАХМОН ОЗОДА ЭМОМАЛИ РОХБАРИ ДАСТГОХИ ИЧРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТ!!!!!!!! Каблан ин вазифа ва масъуляти бенихоят чидди,ки ба души худ гирифтаед барори кору пирузи биёрад ба Шумо муаллимаи азиз!!! Хамчун як шахрванди ватандуст гуфтаниам,ки вой сад вой бархоли кулли мансабдорон ,ки обруи миллат ва ба хусус Рохбари давлатро дар чомеъа паст мезананд,ин чи шармандагист саркарда аз раиси вилоят,раиси нохия,муовин ва дигар шахсони масъул суистифода аз мансаб,эхтиром нагузоштан ба САРКОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН КОНСТИТУТЦИЯ хукуку манфиати шархвандонро поймол менамоянд.Дар кучо омадааст,ки шахрванди Точикистон дар вохури бо президент,ки ба тарзи сафари кории он сурат мегирад ки иштирокчиёни он кулли мардуми хамон шахр,нохия ва ё вилоятанд бояд аз озмун гузаранд? ин як хаттои махз аст баръакс бо ин амалашон рухияи мардумро нисбати сиёсати ин давлату миллат мегардонанд.Чаноби Оли Пешвои Миллат Асосгузори Сулху Вахдат Президенти Чумхурии мо Эмомали Рахмон хамчун ИНСОН ва Рохбар бехтаринанд.Инхел Президенти хоксор,мехрубон,гамхор,миллатдуст,ятимпарв
ар,ободкор,сулхчу,дилсуз дар руи чахон нест..........ин натанхо фикру акидаи ман аст зеро нисфи зиёди мардуми ин кишвар инро хуб медонанд. ОЗОДА РАХМОН!!Агар Шумо ин андешахоро мутолиа намоед як хохиш дар таъини раисони вилоят,шахр,нохия илтимос муаллимачон аз бахри хаминхел ЛАГАНДБАРДОРХО ва ХИЗМАТИ ХИРСОНА мекардагихо гузаред ин ба фоидаи кор ва ояндаи хуби чомеъа хохад шуд.Наход як духтараки точикро,ки мехостааст танхо изхори миннатдори баён кардан хатто дар вохури рохаш надодаанд ин чи беинсофи......сад афсус,ки инро Президент намедонад ва афсуси дигар онки навиштахоямро Шумо низ шояд нахонед,аммо дил бо умед ва такя бар худованд дорам,ки илохо ба Шумо на танхо як андешаи ман ва аз дигаронхам омада расанд...........Боки дар панохи Худованд бошед!!!!!!

п
Духтари содда. Чи кор мекуни назди президент баромад карда? Рав бо кори хона е мактаб барои ояндаат машгул шав.

Шахноза, фахмидани Шумо душвор. Магар Шумо проблемахое, ки чомеаи чахониро фарогир аст намедонед, ва ё таъсири онро ба Точикистон. Президент акнун бекор аст, ки хар нафари шуморо чанд маротибаги гуш мекардасту симои худро дар телевизион медидаед. Аз ин фочеа сохтан даркор нест. Агар Шумо ин прблемахоро хал кардан он тараф, хатто намедонед, вакти рохбаронро бо капризхои худ нагиред. Кори Хукумат мушкил аст. Агар барои симоятон Шуморо баромад кардан намемонданд, даъфаи аввал намемонданд. Холи ки чавон хасти аз ин рохеи игвоангезона барову ба китоб хондан ва касб азхудкардан машгул шав. Агар шахси сазовор шави, мисли Бозор Собир ва дигар бузургон, Пешвои миллат худашон дарёфатаон мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)