Бахшҳо

Ҳукумати ИМА: Давлатдорони тоҷик аз барномаҳои дуздӣ кор мебаранд

Ҳукумати Амрико бо нашри гузориши махсуси 301-“Special 301 Report 2016”, ки ҳамасола вазъи риояи ҳуқуқи моликияти зеҳниро дар кишварҳои ҷаҳон таҳлил мекунад, Тоҷикистонро аз феҳрасти кишварҳои “махсус нигаронкунанда”- “Watch List in 2016” хориҷ намудаст.

Гузоришгарони амрикоӣ далели хориҷ намудани Тоҷикистон аз феҳрасти кишварҳои махсус нигаронкунандаро, ба талоши мақомоти тоҷик барои таъмини фазои мусоиди ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ рабт медиҳанд. Аз ҷумла ба гуфтаи гузоришгарон, Тоҷикистон бо қонунгузории худ тағйирот ворид намуда, чанд созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро ба тасвиб расондааст.

Дар баробари ин гузоришгарони амрикоӣ таъкид мекунанд, ки аксари ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз таъминоти барномавии ғайрирасмӣ, ё худ барномаҳои “дуздӣ”-и компютерӣ истифода мебаранд. Дар гузориш тавсия дода шудааст, ки Тоҷикистон бояд дар ниҳодҳои давлатияш истифодаи барномаҳои иҷозатномадори компютериро роҳандозӣ кунад, то барои корбарони дигари кишвар ибрат шавад. Ҳукумати Амрико зарур хондааст, ки барои риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар сатҳи раҳбари ҳукумат дастуре содир шавад, то мавқеи Тоҷикистон дар феҳрасти махсуси 301 бозбинӣ нашавад.

Гузориши махсуси 301 ҳамасола аз ҷониби бахши тиҷоратии ҳукумати ИМА таҳия шуда, дар он сатҳи риояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифӣ, тамғаи молӣ, патент ва ғайра баҳогузорӣ мешавад. Тибқи қонунгузории Амрико нисбати кишварҳое, ки риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар онҳо махсусан нигаронкунанда мебошад, эҳтимоли роҳандозии таҳримот вуҷуд дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)