Тими духтаронаи футбол ба даври ниманиҳойӣ рафт
Мунтахаби бонувони футболи Тоҷикистон ба даври ниманиҳойии сабқати минтақаии Осиё-2016 оид ба футбол миёни духтарони то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ роҳ ёфт.
Дар бозии охири даври гуруҳӣ футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бозиро мусовӣ – 1:1 карданд. Дар бозии дигари ин гуруҳ Эрон тими Бутанро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Дар ҷадвали гуруҳи “А” Эрон бо 9 имтиёз садрнишин аст. Тоҷикистон 4 имтиёз дошта, мақоми дуюмро муаррифӣ мекунад. Бутан бо се ва Қирғизистон бо як хол севуму чоруманд.
Дар гуруҳи “В” Бангладеш ва Ҳиндустон дар мақомҳои аввал ва дуюм нишастаанд. Дар даври ниманиҳойӣ рӯзи шанбеи 30 апрел мунтахаби бонувони футболи Тоҷикистон бо Бангладеш ва Эрон бо Ҳиндустон қувва меозмоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |