Бахшҳо

Қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия чаро “хоби касеро напаронд”?

Давоми ду ҳафтаи ахир аз Русия хабари марги дасти кам даҳ муҳоҷири тоҷик расид, ки бештари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти дахлдори кишвар ҳеч вокуниши ҷиддие ба ин қазияҳо надошт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, “Озодагон” пеши коршиносон чунин суол гузошт: ҚАТЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ЧАРО “ХОБИ КАСЕРО НАПАРОНД”?


Шуҳрат ЛАТИФОВ, мутахассиси соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ
Хело вазнин аст шунидани хабари марги муҳоҷирон, зеро хонаводае дар Тоҷикистон нест, ки муҳоҷири меҳнатӣ надошта бошад. Хадамоти муҳоҷиратро бо Вазорати меҳнат якҷо намудан иштибоҳ буд, зеро бисёр кадрҳо рафтанд. Маълум аст, ки барои омода кардани як кадр чӣ қадар маблағ ва вақт сарф мешавад. Гузашта аз ин, парлумон ҳоло бо дигар масъала – референдум барои тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар банд аст. Баъдан, парлумони моро парлумони хомӯшон ном дода буданд ва намояндагони халқ интизоранд, ки касе ба онҳо фармон диҳад, то дастбакор шаванд.

Маҳдӣ СОБИР, таҳлилгар
Ин андеша нодуруст аст, ки дар робита ба марги муҳоҷирон вокунишҳо намешавад. Ҳукмати Тоҷикистон пайваста барои муҳоҷирон ғамхорӣ мекунад. Аммо ин раванд ба таври табиӣ ба як раванди назоратнашаванда табдил ёфтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба шаҳрҳои гуногуни Русия мераванд. Қоидаҳои буду бошро вайрон мекунанд. Ҳамин ки воқеае руй дод, аз гиребони ҳукуматдорон медоранд. Ва боз чандин туҳматҳои дигар мекунанд. Баъзе муҳоҷирон то андозае бепарвоянд, ки то ҳанӯз дарк накардаанд, ки Русия акнун як республикаи бародарӣ набуда, як кишвари хориҷӣ аст. Аз ин рӯ, воқеаҳои зиёде ба амал меоянд. Аз ҷумла ин кушторҳо кори дасти миллатгароён мебошанд. Ин ба ҳукумати Русия алоқае надорад. Муҳим он аст ки мо бояд дар Ватани худ бимонем ва инҷоро обод намоем. Ҳеч кас ба ин садди роҳ нашудааст. Ва ҳеч кас ҳам аз гуруснагӣ намурдааст. Дар робита ба ин кушторҳо Вазорати корҳои хориҷӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ин масъаларо омӯхта истодааст ва барои ҳар як куштор чораю тадбирҳо андешида истодааст.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Аввали соли 2008, аниқтараш дар ду моҳ, январ ва феврал дар Русия 23 нафар ба ҳалокат расида буд. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аксар кушта шуда буданд. Банда, аз номи Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати умури дохилаи Русия мактуб навишта, аз бетаваҷҷуҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар сахт интиқод карда, талаб доштам, ин масъала ба ҷиддӣ таҳқиқ шавад. Дар акси ҳол, навишта будам, ки ҷамъияти мо ҳазорон нафарро ба кӯчаҳо мерезад. Аз ҳарду ниҳод ҷавоб омад ва вохӯриҳо баргузор шуду куштори тоҷикон қатъ шуд. Бо ин ёддошт гуфтаниям, ки агар масъулини Тоҷикистон ва ё ҷамъиятҳои тоҷикӣ, ки ҳоло аз номи диаспораи тоҷикон ҷор мезананду худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон меноманду аз ҳисоби ин ғарибон карру фарр доранд, ҳадди аққал дарки масъулият дошта бошанд, метавонанд чорабинӣ кунанд. Аммо, бояд бо афсӯс қайд кард, ки на фаҳми масъаларо доранду на тавони чора дидан. Хуб, ба ману тарафдоронам бадбинӣ доштанду доранд ва мо аз корҳои ҷамъияти тоҷикон канора рафтем. Чаро коре анҷом намедиҳанд?! Бадтар аз ин, дар ҳар ҳолати куштору ҷабр ба тоҷикон, масъулини Тоҷикистониву “ҳомиёни муҳоҷирон” кушиш мекунанд, ки айбро ба сари тоҷикон таҳмил кунанд. Ба хотир биёред қатли тифли панҷмоҳа -- Умаралиро дар Санкт - Петербург: падару модари Умаралӣ ҷурми маъмурӣ доштанду кормандони пулису хадамоти муҳоҷирату духтурони русиягӣ гуноҳи ҷиноӣ карда буданд. Аммо, ҳам “консули фахрӣ” дар Санкт - Петербург, ҳам сафорату вакилони парлумони Тоҷикистон, ҳамагӣ ба як овоз ва ҳамсадо бо тарафи “дӯстони стротежияшон” бо депорт кардани падару модари тифли кушташуда қаноат карданд. Бадбахтона, дар ҳамаи ҳолатҳои тоҷиккӯшӣ гунаҳкор тоҷик мешавад...

Ва акнун ҷавоби мушаххас ба саволи гузоштаатон: қатли муҳоҷирони тоҷик хоби касеро ба он хотир “намепаронад”, ки тоҷикони Русия ва муҳоҷирони кории тоҷикро болотар аз аробакашу кӯчарӯб, яъне, берун аз доираи ғуломон дидан намехоҳанд. Дар ин мавзӯъ дар суҳбатҳои расонавии солҳои пеш гуфта будам. Ҳоло ин пешгӯиҳоям амалӣ шуда истодаанд.

Шамсулло ЭЛБЕГИЕВ, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия
Агар аз ин ҳам бадтар шавад, хоби касеро “намепаронад” ва касе ҳам вокунише нишон намедиҳад. Шумо тасаввур кунед, ки дар шаҳри Санкт-Петербург бе ягон гуноҳ кӯдакро ба марг оварда расониданд. Масъулин ин масъаларо ҳал карда натавонистанд. Дар дигар ҳолатҳо низ мушклоти сангине, ки ба сари муҳоҷири меҳнатӣ меояд, ҳамин хел бе баррасии ҷиддӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Дар шароити имрӯз, на фақат иқтисод, балки амнияти давлат низ аз Русия вобастагӣ дорад. Бинобар ин, агар имрӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар хусуси марги муҳоҷирони меҳнатӣ вокуниши ҷиддие нишон диҳанд, фардо шояд ҳазорон шаҳрванди моро аз қаламравӣ ин кишвар ихроҷ намоянд. Чи хеле ки дар урфият мегуянд “Сер чӣ парвои гурусна дорад?”, барои ҳамин мисле рафтор доранд, ки гӯиё намебинанду намешунаванд, ки чӣ нохушиҳое ба сари муҳоҷирон меояд. Агар имрӯзҳо мансабдорон дилашон ба муҳочирон месӯхт, кайҳо ба Иттиҳоди гумрукӣ аъзо мешудем. Аз бепарвоии афроди мутасаддӣ, имрӯз тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ қадр надорад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нисбати муҳочирони меҳнатӣ аҳамияти хосса диҳанду масъулинро вазифадор намоянд, ки оид ба қазияи марги муҳоҷирон ва умуман кору фаъолият ва ҳайёти онҳо бепарвоӣ накарда, ба мушкилоташон расидагӣ намоянд.

Иззат АМОН, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия
Мутаассифона, аҳвол ҳамин аст. Ҳамасола ҳудуди 3000 тобут ба кишвар фиристода мешавад, вале вокуниш ҳеч аст. Марги муҳоҷири тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон низ хоби касеро “намепаронад”. Хомӯширо ихтиёр мекунанд, зеро дардро ҳис намекунанд. Гумон мекунам ҳеч касе аз хешу табори намояндагони мардумӣ дар парлумон ва низ вазирони вазоратхонаҳои кишвар дар муҳоҷират нестанду азоби ҳиҷратро намекашанд, бино бар ҳамин, бепарвоянд.

Сирҷиддин ҲАСАНОВ, ҷавони тоҷик
Ростӣ вақтҳои охир мешунавем, ки дар Русия фалон ҷавони тоҷикро куштаанд ё аз беморӣ фавтидааст, хеле ғамгин мешавем. Бояд ҳар нафаре, ки гуноҳ мекунад дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Барои ба ҷавбгарӣ кашидани онҳое, ки дар куштори ягон муҳоҷири меҳнатӣ даст доранд, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқӣ Русия ин чиз бояд талаб карда шавад. Ин корро бояд онҳое кунанд, ки масъулият доранд дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ. Бовар кунед, агар як бор ду бор барои кори кардааш ҷазо диҳанд, дигар кам такрор мешавад ва дигарон ҳам ибрат мегиранд, ки ҷиноят нисбати шаҳрванди хориҷӣ ё муҳоҷири меҳнатӣ ҷавобгарӣ дорад.
Мӯҳр
Мухочири бечора
Ба Махди Собир гуфтанием,ки чоплусиро хотима дихад, ба фикрам ягон нафар аз оилаатон дар мухочират нест ва намедони,ки чи кадар мухочирон дар азобу машакат хастанд ва як лукма нонро бо азоб ба даст меоранд. Мо мухочиронро аз гуфтахои Шумо шармамон меояд,ки ба монанди Шумо тахлилгарон хам дар Точикистон хастанд. Агар мо мухочирон набошем , Шумо барин чоплусхои тахлилгар аз гушнаги мемуранд. Вакте Шумо ягон масьаларо тахлил мекунед, факат ба мукобили миллати точик ва точикистониен хаоф мезанад, хотима дихед

Мухтарам Ахмадхуча Давлатов!!!! Чаро шумо хомушед??? Чаро назди сафорати Руссия намеравед бо аъзоенатон??? Назди парлумони точик намеравед??? Е ба шумо ва тими шумо марги мухочирон дар Руссия номухим аст???

Яке дар хасрати модар бимирад
Яке бе додару хохар бимирад
Яке дорад падар безори руяш
Яке кобад падар бе сар бимирад
Яке сарлашкару бо кулли лашкар
Яке бе лашкару афсар бимирад
Яке филтинату аждарниходе
Яке бе иштихо логар бимирад
Яке андар ватан безори ин марз
Яке бе хона бе мехвар бимирад
Яке озод чун бози баландкух
Яке дар хизмати сарвар бимирад
Яке дар рохи Хак хонад тасанно
Яке майнуш бо согар бимирад
Яке он кадр рафта аз назар дур
Яке болои сад минбар бимирад
Яке ераш ба бар то рузи мурдан
Яке бе еру бе евар бимирад
Ачаб дунест чои оху афсус
Касе озода е чун хар бимирад?

Ин чи шурест,ки дар даври Камар мебинам,
Хама офок пур аз фитнаю шар мебинам.
Хар касе рузи бехи металабад аз айём
Иллат он аст ки хар руз батар мебинам.
Аблахонро хама шарбат зи гулобу канд аст,
Кутти доно хама аз хуни чигар мебинам.
Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хама дар гардани XAP мебинам.
Духтаронро чанг асту чадал бо модар,
Писаронро хама бадхохи падар мебинам.
Хеч рахме на бародар бо бародар дорад,
Хеч шафкат на падарро бо писар мебинам.
Панди Хофиз бишунав,хоча,бирав,неки кун,
Ки ман ин панд бех, аз дуру гухар мебинам

Мухочир
Чаро вакили парлумон Абдухалим гафоров хобаш намепарад!!

Ин махди собир чи гуна давлат обод мекарда бошад ва барои милион мухочир чои кори муносиб ташкил мекарда бошад ва боз шарм надошта мегуяд хеч кас аз гуруснаги намурдааст!!

саид
рости хело вакт шуда буд шарх нависи бас карда бдм.рахмат бародар мухочир барои ами шери навиштагит .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)