Бахшҳо
30 апр 2016 09:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти табибони Саричашма аз кӯч додани шӯъбаи кадрҳо

Гуруҳе аз табибони беморхонаи №1-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-ро ба маркази ноҳия кӯчонидани бахши кадрҳо нигарон кардааст.

Чанде аз ин табибон 29 апрел ба “Озодагон” гуфтанд, дар гузашта бахши кадрҳо дар худи беморхона буд ва пешниҳоди аризаву дигар санадҳои лозим мушкиле пеш намеовард. Ба иддаои онҳо, ҳоло барои расонидани як ариза маҷбуранд, наздики 50 километр роҳро тай намуда, онро ба шӯъбаи кадрҳо супоранд. Ҳамсуҳбатҳои мо, ки дархост намуданд, номашон ифшо нашавад, гуфтанд, барои аз деҳаи Саричашма то маркази ноҳия рафтан ҳудуди 40-50 сомонӣ сарф мешавад. “Агар рафту дар ягон масъала ба номи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия арзиа навиштан лозим шавад, бояд ҳамин қадар роҳи дурро тай намоем. Мабодо шаб дар маркази ноҳия монем, аз 100 сомонӣ ҳам зиёдтар маблағ сарф мешавад. Бо маоше, ки мегирем чунин харҷҳо зарбаи сахт ба ҷайби табибон мезанад. Ҳайронем, ки чаро табибонро ин қадар саргардон мекунанд?”,-изҳор доштанд онҳо.

Нуриниссо Мирова, сардухтури беморхонаи №1-и Саричашма дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки бахши кадрҳоро ба марказ кӯчонидаанд, вале иддаои табибонро рад намуд. Ӯ гуфт, ҳамеша омода аст, аризаи табибонро ҳар вақте лозим шуд ба марказ бубурад: “То ҳол чунин мушкиле, ки табибон мегӯянд, нашудааст, чунки аризаро на табибон, балки ман ва як нафари масъул мебарем”.
Мӯҳр
Клби
Дуруг 1000 сомони сарф намешавад

Сагера Аз интернат
Ин кори хамон сардухтури пештараатон аст. Дар хакикат имруз Саричашмаи ман як дехаи дурдасти бе рох аст. Наход дехаи бо 14 хазор ахоли рохе барои рафтан ба маркази нохия надошта бошад. Рост аст, ки мо 50-60 кмро тай карда 50-60 сомон харч карда ба маркази нохия меравем. Холу ахволи омузгорон аз шумо дида бадтар аст хамдехагони азиз. Кучост нангу номуси дехадори рахбарони дехаи Саричашма. Агар мо имруз барои хамон аризаву билети харби ё мачлиси директорон наравем дигар у маркази нохия барои мо чи даркор аст. На беморхона дораду ягон корхона, на бозору на дигар чиз. Хамааш дар назидики дехаи худамон дар Кулобу Восеъ мавчуд аст. Зик нашавед хамдехагон инхо гузурандааст. Пулхое,ки барои таъмири роххои дехаамон чудо шудаанд барои рохои дехахои дохилии марказ сарф мешаванд. Касе аз масулин барои таъмири роххои мо фикр хам намекунад. Озодагон дарди дили Сагерахои Интерната чоп кун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)