Ҳисоботи ҳукумат дар СММ: Аз манъи ҲНИТ то шиканҷа ва ҳаққи диндорон
Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 6 май дар Шӯрои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Женева ҳисобот хоҳад дод.
Ин ҳайат таҳти роҳбарии Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар давоми солҳои 2010-2015 гузориш медиҳад.
Дар назар аст, зимни ҷаласаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, масъалаи бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дастрасии рӯзноманигорон ба мурофиаи додгоҳии аъзои боздоштшудаи он ба миён гузошта шавад. Риояи ҳуқуқи диндорон аз мавзӯҳои дигари баррасишаванда дар ҷаласа хоҳад буд.
Қаблан Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм озодии баён ва ақидаро нақз мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин бояд ҳисобот диҳад, ки барои решакан кардани шиканҷа дар боздоштгоҳҳо чӣ чораҳо андешид ва чаро масъулини Салиби Сурхро давоми солҳои зиёд ба маҳбасҳои кишвар роҳ намедиҳад.
Бори охир ҳайати ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳисобот дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |