Бахшҳо
10 май 2016 14:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ифшои 11 ширкати офшории тоҷикон: Аз собиқ раиси ТСЕЛЛ то сокинони Исфараю Шарора

Консорсиюми байналмилалии рӯзноманигорони таҳқиқотгар маҷмааи нави иттилоот дар бораи беш аз 200 ҳазор ширкати офшориро нашр кардааст, ки 11 адади он ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Дар асноди нашршуда, ки “Варақаҳои Панама” ном гирифтаанд, аз ҷумла номи 10 шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудааст. Ноширон таъкид мекунанд, ки зикри номи шаҳрвандон дар ин феҳраст маънои онро надорад, ки онҳо кори баде ё ғайриқонунӣ кардаанд. Дар феҳрасти соҳибони ширкатҳои офшорӣ аз Тоҷикистон макони иқомати бештари онҳо хориҷи кишвар-аз Чин то ИМА нишон дода шудааст ва бархеи ин ширкатҳо аллакай фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Тоҷикистониёне, ки номашон дар феҳрасти “Варақаҳои Панама” зикр шудаанд, инҳоянд:

Сафармад Сафаров, саҳмдори "Ashton Business Group Limited", ки дар ҷазираҳои Вирҷиния соли 2010 ба қайд гирифта шуда, то моҳи октябри соли 2015 фаъолият намудааст, вале феълан “дефолт” эълон кардааст.

Бахтиёр Муъминов, саҳмдори "B&M It Scientific Solutions Ltd" муаррифӣ шудааст, ки сентябри соли 2006 дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст: “Суроғаи ширкат дар шаҳри Рига нишон дода шудааст ва феълан ин ширкат фаъол мебошад”. Муъминов инчунин саҳмдори ширкати дигари "Hightron Holdings Inc” муаррифӣ шудааст, ки аз моҳи феврали соли 2005 фаъолият дорад, вале макони сабташ маълум нест. Суроғаи "Hightron Holdings Inc” шаҳри Лондон ва суроғаи саҳмдор шаҳри Душанбе нишон дода шудааст.

Абдумубин Абдушукуров, шаҳрванди дигари Тоҷикистон саҳмдори “Veroni interinvest limited”, ки моҳи майи соли 2006 дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ба қайд гирифта шудааст. Ин ширкат то охири соли 2015 фаъолият карда, дефолт эълон намудааст. Суроғаи ширкат дар шаҳри Рига ва суроғаи саҳмдори он дар Чин нишон дода шудаст.

Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Зарифбек Давлатов, саҳмдори "Penkridge Global Limited" мебошад, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шуда, аз моҳи январи соли 2012 то октябри 2013 фаъолият кардааст.

Беҳзод Файзуллоев, раиси “Вавилон”, саҳмдори ширкати офшории "BF& Brothers Management Holdings Ltd” муаррифӣ шудааст, ки ширкаташ сентябри соли 2006 дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шуда, ҳоло ҳам фаъол мебошад. Суроғаи ширкат шаҳри Рига ва суроғаи саҳмдор Уругвай нишон дода шудааст. Инчунин Файзуллоев дар баробари Муъминов саҳмдори ширкати "Hightron Holdings Inc” муаррифӣ гардида, суроғааш шаҳри Душанбе сабт гардидааст.

Фирӯза Акрамова, саҳмдори ширкати "Inscred Company Corp" мебошад, ки моҳи январи соли 1999 дар Вирҷиния сабт шуда, то моҳи майи соли 2015 фаъолият кардааст. Суроғаи ширкат Швейтсария ва суроғаи саҳмдор штати Аризонаи ИМА қайд шудааст.

Салим Халилов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон судбари ширкати "World Development Corp" муаррифӣ шудааст, ки дар Баҳама соли 1997 сабт гардидааст ва то ҳол фаъол мебошад. Суроғаи судбар шаҳри Шанхайи Чин ва суроғаи ширкат Сейшелс навишта шудааст.

Дилшод Шомаҳмадов, раҳбари ширкати “Orvitel interprises.corp” муаррифӣ шудааст, ки аз соли 2005 фаъолият дорад. Суроғаи Шомаҳмадов маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ва суроғаи ширкаташ Русияю ҷазираҳои Вирҷиния нишон дода шудаанд.

Ҳакимбой Зиёевич Дугаев,
раҳбари ширкати “Valento Commerce Limited” муаррифӣ шудааст, ки аз моҳи июни соли 2006 фаъолият дорад. Макони дақиқи сабти ин ширкат муайян нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки он ҳам ба ҷазираҳои Вирҷиния рабт дорад. Суроғаи ин ширкат шаҳри Маскав ва суроғаи раҳбари он, ноҳияи Исфараи Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Мансурҷон Ҳамидов, собиқ раиси “ТСЕЛЛ”, саҳмдори "Rosington Projects Ltd" муаррифӣ шудааст, ки аз моҳи июни соли 2006 фаъолият дорад. Суроғаи ин ширкат шаҳри Лондон ва ҷазираҳои Вирҷиния ва нишонии саҳмдораш шаҳри Хуҷанд қайд шудааст.
Мӯҳр
Илтимос якор карда микдори маблагхои онхоро хам менавиштед хеле оли мешуд.

Хисориву Исфараву Хучанд Айниву Душанбегихо будиянд ха.Ана пулои Халки Точик дар дасти ким будааст.

МЕХМОН
ШИРКАТИ IRS АЗ КИ БОШАД???????

Ба точик
Точик,
Агар онхо корманди макомоти давлати бошанд, пас мумкин аст пиндорем, ки ин маблагхо дуздианд. Лекин агар онхо точир бошанд, пас пули хакку халоли онхо мебошад.

Дарвеш
Ба "Точик"

Чизи навиштааст мантик надорад. Туя чиву ба Хисориву Исфараву Хучандию Айнию Душанбе кордор шудан чи. Аз ту буи махалгарои меояд.
Агар сохиби таланту хушёру зирак боши ту хам пул кор карданро ёд гир.

Ба "Али"
Аз пулхои онхо дахонат ширину чайбат пур намешавад.

Ба "Мехмон"
IRS медони аз ки аст? Аз сохибаш. Номи сохибша гап занам аз дастат чи мебиёяд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)