“Қадаме ба биҳишт”-и Баҳманёрро “Сино” нашр кард
Китоби нави нависандаи ҷавони тоҷик -- Баҳманёр Муродӣ бо номи “Қадаме ба биҳишт” интишор ёфт. Ин китоб аз чаҳор қисса ва ҳикояҳои Баҳманёр иборат буда, онро нашриёти “Сино” ба табъ расондааст.
Баҳманёр Муродӣ ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои вай дар синни сенздаҳсолагиаш бо сарсухани Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Куҳзод нашр шудааст. Китоби дувуми ӯ бо номи “Ашки осмон” соли 2007 ба дасти чоп расид.
Баҳманёр соли 2014 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2008 барои қиссаи “Фасх” Ҷоизаи адабии “Падида” ва соли 2015 барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |