Даргузашти Сӯҳроб Қурбонов, собиқ раиси наққошони Тоҷикистон
Суҳроб Қурбонов, собиқ раиси Иттифоқи наққошони Тоҷикистон ва рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки 9 май дар пайи хуруҷи бемории қалб дар бемористон бистарӣ шуда буд, шоми 10-уми май даргузашт.
Тибқи иттилои наздикон маросими видоъ бо Қурбонов имрӯз 11-уми май дар назар буда, марҳум дар гӯристони “Сари Осиё” ба хок супорида хоҳад шуд.
Қурбонов 70 сол дошта, аз соли 1982 то 2012 раҳбари Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи январи соли 2012 дар пайи шикояти бархе аз мухолифонаш ва оғози тафтишот дар Иттиҳодияи наққошон аз мақомаш истеъфо дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |