Бахшҳо
11 май 2016 13:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дархости ҷуброн барои марги тоҷикон дар теракти Домодедово (ВИДЕО)

Ҷабрдидаҳои теракт дар фурудгоҳи Домодедово, ки 37 кушта барҷой гузошт аз роҳбарияти ин фурудгоҳ миллиардҳо рубл ҷубронпулӣ талаб доранд.

Дар ин бора ба “Интерфакс” Игор Трунов, вакили дифои ҷабрдидаҳо ва яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи Русия хабар додааст.

Ба гуфтаи Трунов ҳудуди 40 ҷабрдида аз роҳбарияти фурудгоҳ аз 50 то 700 миллион рубл талаб доранд: “Маблағи аз ҳама зиёдро Криволутская талаб дорад, ки дар пайи теракт ҷароҳати вазнин бардошта, ба табобату пайвандсозии гаронарзиш ниёз дорад. Маблағи аз ҳама кам 50 миллион рублро ташкил медиҳад. Тамоми даъвоҳо барои ҷубронпулӣ вобаста ба ҳаҷми зарари ҷабрдидаҳо пешниҳод шудаанд”.

Трунов таъкид кардааст, ки миёни даъвогарон барои ҷубронпулӣ дар баробари шаҳрвандони Русия инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Сербия низ мебошанд. Ӯ афзудааст, теъдоди даъвогарон метавонад афзоиш ёбад, зеро муроҷиати ҷабрдидаҳо барои рӯёндани ҷубронпулӣ идома дорад.

Таркиш дар толори парвозҳои байналмилалӣ, ки моҳи январи соли 2011 ба вуқуъ пайваст, 37 кушта ва беш аз 170 маҷруҳ барҷой гузошт. Аз ҷумла дар пайи терракт ду шаҳрванди Тоҷикистон-Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1963 ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович, соли таваллудаш 1987 ба ҳалокат расида, 13 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар доираи таҳқиқи ин қазия Дмитрий Каменшик, соҳиби “Домодедово” барои хидматрасонии номутобиқ ба меъёрҳои амниятӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Алайҳи се роҳбари дигари фурудгоҳ низ барои таъмин накардани амният айб эълон шудааст. Аммо додситонии Русия иттиҳомот алайҳи масъулини фурудгоҳро беасос хонда, даъво дорад, ки миёни фаъолияти ин афрод ва марги одамон дар пайи таркиш, робитаи сабабу натиҷа вуҷуд надорад.


ВИДЕОИ теракт дар Домодедово:

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)