Бахшҳо
12 май 2016 08:52Тоҷикистон / Сиёсат

Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазирҳои Покистону Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 11 май дар Қасри Миллат сарвазирҳои Покистону Қирғизистонро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Навоз Шариф, сарвазири Покистон аз 50 санади байниҳукуматию байниидоравии ду кишвар зикр шуда, таъкид гардид, ки барои густариши ҳамкориҳои заминаи хуби ҳуқуқӣ фароҳам ҳаст: “Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд”.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.

Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазирҳои Покистону ҚирғизистонДафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар мулоқот бо Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон низ аҳамияти КАСА-1000 барои ҳамкории минтақавӣ зикр шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд, ҳавасманд буда барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Инчунин барои иштирок дар маросими оғози татбиқи КАСА-1000, ки имрӯз, 12 май дар назар аст, Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи Афғонистон низ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)