Бахшҳо

Дар Ландану Бишкек чӣ гузашт?

Сайф САФАР

Такя задани Содиқ Хон, як мусалмони покистонитабор бар курсии шаҳрдории Ландан ва суханронии Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар маросими 71-умин солгарди ғалаба бар Олмони нозӣ ду рухдоди муҳими ҳафтаи ахир буданд, ки қишри қобили андешаи Тоҷикистон рӯи онҳо ҳисоб кард.

Мушоҳида мешавад дар Тоҷикистон афроде ҳам дорем, ки ба демукросии ҷаҳони Ғарб бо диди тардид нигоҳ мекунанд. Назарашон ин аст, ки унҷо ҳам аз мардумсолорие, ки бар мо дарс медиҳанд, нест. Бар ин боваранд, ки дар он сарзаминҳо пушти парда гуруҳҳое фаъоланд ва афроди писандидаи худро ҷойу беҷо мегуморанд. Пушти Содиқ Хон кӣ буд? Ҳатто, падараш, ронандаи утубус ҳам дар қайди ҳаёт нест! Хуб, агар гӯем сарвату дороӣ ӯро ба инҷо кашонд, боз ҳам хато мекунем, чун ин имконро ҳам рақибаш Зак Голдсмит, фарзанди миллионери яҳудитабор дошт.

Аз ин ҷо, Содиқ Хон бо нишастан бар маснади шаҳрдории Ландан зеҳнияти он афроди машкукро то андозаи қобили таваҷҷуҳ тағйир дод. Яқин ҳосил карданд, ки заковат, фарҳехтагӣ ҳамроҳ бо талош дар як ҷомеаи мутаккӣ бар шоистасолорӣ тавони инро дорад, ки як “бегона”-ро дохили долонҳои “худӣ” кунад. Аммо Содиқ Хон мисли ҳар сиёсатмадори дигар шоистагии худро канор гузошту аз фурӯтании сиёсӣ кор гирифт ва шаҳрдор шудани худро мадюни ланданиҳо донист. Ӯ дар суханроние баъди эълони баранда шудани худ гуфт: “Ман аз фард фарди аҳли Ландан ташаккур мекунам, ки ғайримумкинро имконпазир карданд”.

Инҷо ба Бишкек мерасем, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон саранҷом кирдори хасмона ва муносибати нописанди ба истилоҳи худаш “фашистони муосир”-ро бар рухи Русияи бародар кашид. Ӯ дар суханронии рӯзи 9 май гуфтааст: “Солҳои ҷанг ҳазорон гуреза аз Русия дар хонаи қирғизҳо хун ва ғизо ёфтанд. Оилаҳои оддӣ бурдаи охирини нони худро бо онҳо қисмат мекарданд. Ман мехостам инро ба шаҳрвандони Русияи бародар ёдрас кунам. Ҷое ки мутаассифона, фашистҳои муоссир-тоссарҳо сар боло кардаанд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорон қирғиз ниёзманди кор дар Русия шуданд. Онҳо талаби инро надоранд, ки муфт бихӯранду соҳиби хона шаванд. Онҳо барои кор эҳтиёҷ доранд ва аз ин тариқ дар иқтисоди Русия саҳмгузоранд. Ва онҳо ҳақ доранд, ки аз ҷониби шаҳрвандони Русия каме эҳтиром шаванд. Муносибате монанд ба он ки қирғизҳо дар замони мушкили ҷанг ба гурезаҳо аз Русия доштанд”.

Алмосбек Отамбоев бар хилофи нухбагони сиёсии кишварҳои дигари Осиёи Миёна дуруст дарк кардааст, ки шаҳрвандонаш бори дӯши Русия нестанд, балки ин Русия аст ки бештарин ниёзро ба онҳо дорад. Манзур ҳамон нерӯи кории арзон аст. Аммо инҷо саволе халқ мешавад, ки чӣ чизе ба Алмосбек ин ҷуръатро медиҳад, ки бародари бузург, аммо номеҳрубонро мухотаби худаш қарор бидиҳад? Ба назари ман нахустин чиз вобастагии камтари Алмосбек Шаршенович аст, ки чунин ҷуръатро пеш овардааст. Ӯ пеш аз он ки аз Кремлин вобаста бошад аз мардуми худ вобаста аст. Аз курсӣ дур шудани ду раисиҷумҳури қаблӣ ёдаш нарафтааст. Афзун бар ин, Алмосбек дағдағаи ба муддати тӯлонӣ нишастан дар курсии раёсати ҷумҳуриро надорад, ки ба ҳимояти Русия биандешад. Ӯ дар нишасти хабарии солонааш дар мавриди ояндаи сиёсии худ гуфта буд: “Ман дигар намехоҳам нахуствазир ва раисиҷумҳур бошам. Ин дигар ба ман лозим нест. Тӯли ду соли дигар талош мекунам, вале мо бояд ба суди кишварамон кор кунем”.
Мӯҳр
Сайф САФАР
..Такя задани Содиқ Хон, як мусалмони покистонитабор бар курсии шаҳрдории Ландан

MUHTARAM Sayf Hami kalimai Ландан ro alohida talafuz kuned bined chi khel mano dorad. Nakhod 2 ruze ki ba Amrico safar kardi Londonro ba Landan talafuz dori!!!! Avval zaboni englishro az khud kun.

шахрванд
Сайф САФАР,
Ландан, утубус-ро аз кадом забон гирифтед?
О чи кор доред ба он ки ин шах мусулмон аст ё не? Барои чи бегона будааст? У дар Лондон зиндаги мекунад ва шахрванди ин мамлакат мебошад. Бас будагист одамонро милату диндориашон чудо кардан, магар дар Точикистони худамон кам проблема хаст, ки проблемахои мамлакатхои дигарро ба сари мо мезанед? "Озодагон" озод бош!

Алмосбек
Эннаррееее (Эрекеке) яаъне окои Алмосбек. Вокеан алмос аст Алмосбек, агарчи бо киргизи ин дигар маъоро ифода мекунад.

ин точикони мо факат эродгириро медонан о шумо чикор доред ки чихел менависат шумо аввал асли матлабашрр фахмед максадашро фахмед ки хостааст чурьат кардааст руйростам набошад одами мефахмидаги мефахмад ки чиро дар назар дорад.

Muhojir
шахрванд,
Landan, utubsro az ironiyoni barodar giriftem,chun zabonamon yak ast,boz savol dored? Ba musulmontaborii Sodik Khon charo kor nadoshta boshem. Dar jahone,ki musulmon kushandayu duzdu tajovuzkor ast , dar olame,ki (hususan olami garb) musulmonro shattohu bekonun medonad ,vale ba in nigoh nakarda yak tan musulmontaborro miri shahri buzurgash megardonad, charo kordor naboshem. In musulmonhoi "aziz" mardumonro ba musulmonu nomusulmon taksimkuni dorad! Mo hudamon problemhoi ziyod dorem, vale az koru kirdori "garbiyoni kofir" hasad boyad burd, odamu odamgariro az onho boyad omuht, mardumsoloriro az onho boyad omuht!

корбар
Офарин САЙФ! Бехтарин маколае, ки дар соли чори мутолиа кардам.

шахрванд
Muhojir
То хамин руз дар забони мо калимахои автобус ва Лондон набуд магар, ки холо аз забони ирониен мегиред? Бале, зиндагию одамгариро аз онхо ед гиред мухтарам. Онхо хеч гох нигох намекунанд ки ту мусулмон хасти е католик ва е хоказо. Аввалин дар онхо аклу малакаи одам ва хусусияти пешво доштан аст.

ТОЧИК
ХУДО ин раисчумхурро дар панохаш нигах дорад ОМИН ОМИН ОМИН

Офарин домулло Сайф. Ъоли буд. Килкат сабз бошад.

Муалифи макола нагз дарк кардааст, ки Отамбоев дар хакикат аз рузхои сахти ду президенти гузашта ёд дорад ва худро аз халкаш вобаста медонад на аз Кремл. Мардуми Киргиз мардуми далер ва ноарс мебошад ва хар призидент авалан ба курси омаданаш авал аз ин меандешад. У характери халки худро медонад ва барои хамин намехохад то мавкеи пешвои барояд. Хар касе ки бандаи вазифаву нафс нест, нотарс мешавад. У дар хакикат марди арзанда мебошад. Чунин холатхои хамла ба сари точикхои мухочири мо низ бисёр омад аммо рохбари мо хомуш монд, барои он ки у мехохад то охири умр президент бошаду ва пас аз у писараш ва пас аз писараш набераву аберааш. Ташакур муалиф. Дастатон дардро набинад. Ахсан.

Навои
Дахони баста сад танга гуфтаанд.ин шиори командаи хукумат аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)