Бахшҳо
13 май 2016 17:20Тоҷикистон / Тема дня

Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд

Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 13 май дар мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ин ду вакили дифоъро дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам кард.

Рустам Ғаюров гуфт, матлабҳое, ки ин ду нафар дар хабаргузориҳои “Озодагон”, “Тоҷнюс”, “Озодӣ” ва “Фергана” нашр кардаанд, хусусияти барангехтани кинаву адоватро дошта, дар онҳо ба тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мешавад. Аммо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ин иддаоҳоро бепоя хонда, гуфтанд, дар матлабҳое, ки ишора шудааст, чунин даъватҳо сурат нагирифтаанд. Қаблан, ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар як тадқиқоти журналистӣ рӯйхати ин матлабҳоро нашр карда, гуфта буд, 4-5 соли пеш навишта шудаанд:
1. Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон. 26.06.2011. Сомонаи “Иршод”
2. Муроҷиатномаи ҷунбиши “БАС” ба мардуми Тоҷикистон.18 августи 2011
3. “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента”. 21.11.2011. ОЗОДӢ.
4. “Эмомали Рахмон в отставку!” 06.01 2012.
5. “Хоруғ асоси импичменти Эмомали Раҳмон”.19 августи 2011
6. “Таджикистан накануне революции”.
7. Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия”. Фергананюс. 21 апреля 2012”.

Дар ин тадқиқот навишта шудааст, ки оилаи Ёровҳо ба суоли он ки “мақомот бар онанд, ки ҳамаи ин мақолаҳоро Ёров навиштааст?!”, посух додаанд, ки: “ин мақолаҳоро аз хонаи ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ёфтаанд. Онҳо рабте ба Бузургмеҳр надоранд. Ба гумони мо, Маҳкамов мисли хеле аз пирони дигар компютерро намедонаду мақолаҳоро аз Интернет чоп кардааст, то хонад. Мақолаи ба корҳои худашу “Ориёнбонк” дахл доштааш дар ноутбукаш будааст. Ин мақолаҳои чанд соли пешанд, ки дар ҳар ҷои хонаи ӯ партофта шуда будаанду мақомот онҳоро ҷамъ кардаанд”.

Зимнан, Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи имрӯз аз додраси парванда хост, то ин матлабҳо мавриди ташхис қарор дода шаванд. Додрас -- Асадулло Бобохонзодадархостро қабул ва эълон кард, мурофиаи навбатӣ баъди анҷом шудани ин ташхис сурат мепазирад.

Мурофиаи ин ду ҳуқуқшиноси тоҷик дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор шуд.

ЭЪЛОНИ ТАНАФФУС БАЪДИ ДАРХОСТИ ЁРОВ БАРОИ ҲУЗУРИ ҲАМАИ ҶАБРДИДАҲО

Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешавандҚабл аз зуҳри имрӯз Бузургмеҳр Ёров дархост кард, тамоми ҷабрдидаҳое, ки алайҳаш даъво доранд, ба мурофиа ҳозир шаванд. Ӯ бо либоси адвокатиаш дар ҳузури рӯзноманигорон, намояндаҳои САҲА ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ изҳор дошт, дар мурофиаи якум аз 18 ҷабрдида 4 нафар, дар мурофиаи дуюм 1 нафар ва имрӯз ҳамагӣ як ҷабрдида ҳозир шудааст. Ёров изҳор дошт, мувофиқи қонун бояд ҳамааш иштирок кунанд, то баъдан нофаҳмиҳо ба вуҷуд наоянд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои ҳозир нашудан ҳар ҷабрдида 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шаванд. Ёров инчунин дархост кард, то мутахассисони овоз, хат ва диншинос ҳозир карда шаванд, то дурустии даъвоҳои ҷабрдидаҳою додситонро баҳо диҳанд. Нуриддин Маҳкамов, айбдоршавандаи дигар низ аз изҳороти Ёров ҳимоят кард. Додситони мурофиа тасдиқ кард, ки бар асоси қонун бояд ҳамаи ҷабрдидаҳо иштирок кунанд ва додрас барои иҷрои дархости Ёров то соати 14:00 танаффус эълон кард.

Баъд аз танаффус додрас гуфт, ҷабрдидаҳоро барои ҳозир нашудан ҷарима намекунанд, зеро шояд барои наомадан ба мурофиа узр доранд. Бино ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ 18 нафаре, ки аз Бузургмеҳр Ёров шикоят бурдаанд, иддао доранд, ки ӯ дар маҷмӯъ 92 ҳазору 300 доллари онҳоро гирифтааст. Аммо Ёров ин ҳамаро рад мекунад.

Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи имрӯз инчунин аз нақз шудани ҳуқуқҳогяш гуфт. Ба гуфтаи ӯ, намегузоранд, ки бо вакили дифоаш дар танҳоӣ ба баррасии парванда машғул шаванд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Мӯҳр
Зури бехуда миён мешикандад! Бузург боши ба такдират тан деху ором биншин! Охир то ба фалак фарёд зани хам-обат лой аст! Аз пушти панчара хам аз чабрдидахо пул меситони? ки буданатро маълум карди

Ба Рустам! Эй бародар каме аз Худо тарс. Бузургон гуфтаанд. " Эй дуст бар чанозаи Душман чу бигзари, Шоди макун, ки бар ту хамин мочаро равад..." Чаро ба одаме, ки барои дифоъи мардум аз чизе натарсида чони худро ба бало мондааст, таъна мезани? Магар наметарси, ки рузе ин холат ба сари ту меояд. Холо дар Т.Ч кафолати паго бе бало мондани хеч кас нест. Сахар мехези, ки чор одами либоси низоми пуш дар паси дарат ба дастонат наручник зада ба махкама мекашанат, пас чи мекуни? Магар руйдодхои солхои охирро дида наистодаи ки чи кадар одами бегунохро паси панчара карданд? Точики фикр накун, бар мусибати дигар бародар хурсанд машав, ки ба сари ту низ наояд. Ман ба Ёров ва ба бегунохии у бовар дорам. Худованд рахмашро хурад ва аз банди зиндон озодаш кунад. Худованд барои хаммаи милати чафодидаи Точик рахм кунад ва адолатро болои сарашон биорад. Омин!!!

Ба Рустам
Рустам шармат намеояд , як система бо тамоми имкониятхо наметавонед гунохи ин бузургмардро исбот кунед, боз номардона аз пушти комп шарх менависед. Дар бегунохии Бузургмехр хеч кас шак ва шубхае надорад, он парвандахои сохтаву бофтаи худи шумост ки имруз дар он риштахо поятон печидааст.

мухочир
рустам ба фикрам ту писари айбдоркунанда давлати хасти чи.? хама олам медонад, ки Ёров бегунох аст

рустам хак аст хукумат ки чап гирифт дигар зурзани бехуда аст факат шкурона карда дуо кардан даркор ба кавли додраси зайд саид такозои замон аст кароче хутона гам натен

али
Дар ин сайт 2-3 тролли хукумати мешинанд корашон факат карсак задан ба хар он чи ки ин хукумат мегуяду мекунад ,Рустам яке аз онхост барои хами ба хар як коменти онхо чавоб надихед вактатонро сарф карда онхоро хеч кас чидди кабул намекунад,онхо маош мегиранд барои ин корашон ва бояд сумашонро "отрабатывать" кунанд,онхо ширро сиёх гуянд хам хама медонад ки шир сафед аст,озодагон илтимос соп намо ,харчанд номахои маро шумо чоп намекунед .

Р.Зариф
Э хамин раиси комптерро мебурдед то охири умр махкам мекардед раиси фейбуку твитеру ютубу однокласникираву хуллас компютерро худашро турма мекардед чунки охир хамин компютер дарунаш миллионхо макола зидди хукумати конститутсиони конуни ва демокративу дуняви дорад. хамин дунёро хамашро бурда дар махбасхои точикистон махкам мекардед то охори умр чунки дар интернетхои хамаашон дар компютерхояшон пури маколаи танкиди аст як махбаси аз ин бари точикистон то он бари точикистон созед хамаашонро бурда умран махкам кунед

...соли 2011..., ...соли 2012..., О он солхо ба фикрам барои дар интернет чоп кардани чунин маколахо чазо намедоданд-ку?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)