Бахшҳо

Муфтӣ: Худо бо офатҳои табиӣ мардумро месанҷад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон офатҳои табиии ахирро, ки макону манзилҳои зиёдро хароб кард, имтиҳони Худованд номид.

Абдулқодирзода имрӯз, 13 май зимни мавъизаи намози Ҷумъа дар Масҷиди Марказӣ гуфт, шаҳрвандон бояд нисбати ҳодисаҳои табиии харобиовар дар Рӯдакӣ ва дигар навоҳӣ бетараф набошанд.

Муфтии Тоҷикистон хароб шудани манзили беш аз 1000 оиларо дар Рӯдакӣ зикр карда, таъкид намуд, ки Худованд ба хотири имтиҳони бандагонаш, ятимеро меофарад: “Худованд чунин офатҳоро болои мардум меорад, ҷомеаву миллату мардумро месанҷад, ки то чӣ андоза раҳму шафқат доранд, дасти кӯмак дароз мекунанд ё намекунанд. Дар як хонадон маъюб ба дунё меорад ва бо он қавм, падару модар, хешу ақрабо, маҳалларо имтиҳон мекунад, ки оё раҳму шафқат доранд ё на? Оё дилашон месузад? Ин ҳама имтиҳон аст”.

Оқои Абдулқодирзода гуфт, раёсати Маркази исломӣ ва масҷиди марказӣ тасмим гирифтаанд, ки аз номи намозгузорони саҳми худро ба қадри тавон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ расонанд. Ӯ аз намозгузорон даъват ба амал овад, ки барои зарардидагони сел дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳадди имкон хайр намоянд: “Касе мехоҳад дар сандуқи хайрия, касе мехоҳад дар назди шахси махсуси масъул ба қайд гирад ва санад ҳам дода мешавад, ки фалонӣ ҳамин қадар барои осебдидагон кӯмак кард. Ҷамъоварии кӯмак имрӯз ва фардо идома мекунад”.
Мӯҳр
Рустам
Бале, ин имтихони он аст, ки мардумро аз намозу ришу сатру хичоб манъ кардед. Худо гуед, ки аз ин бадтар накунад. Масчидхоро кушоед, ба ришу сатр кордор нашавед,

Умар
бале имтихон ва газаби Худованд аст бас кунед мардуми мусалмонро бо тухматхо пушти панчара карданро

nabi farhor
Хама медонанд,ки кай дар кучо дасти хайр дароз кунанд.Мо шохиди он хастем,ки тобистони гузашта низ ВМКБадахшонро сел шуста бд.Чи кор кардан даркор,сари рохи сатру риш нашавему,Худоро шукр гуфта намозакомана хонем.Кани мебинем,муфти чи кадар хайрхох аст,чи кадар маблаг дастгири мекунад.

Бечора мардуми тоҷик! Ҳамаи бадбахтиҳо ба сари ин мардум. Кай табиату осмон шуморо месанҷида бошанд???????????

Одил
Суду пркурор салафихои "бегунох"-ро махкам кунанад, пас чаро Худо зулмро сари мардуми бегунохи Рудаки меовардаст. Агар ба ин сафтсата бовар кунем пас Худо ноодилона рафтор мекардааст.

Абр агар аз кибла хезад борон мешавад.
Шох агар одил набошад мулк вайрон мешавад.
Хулосаи ин хама офатхои табии ба ду чумла шеър.

Dev
Yak umr koramon imtihonsupori, shumo hude,ki az imtihonho guzashtagi metobed!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)