Бахшҳо
16 май 2016 16:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раиси Шуғнон дар бораи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат, биноҳои нотамом ва мушкили “Тоҷиксодиротбонк”

Алишер ЗАРИФӢ

Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мегӯяд, қарор аст маросими ифтитоҳи ду бинои навсохт дар ноҳия бо ҳузури раисиҷумҳур сурат бипазирад.


Оқои Гиёев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Кушк ва Раёсати кишоварзии ноҳия бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешаванд. Бинои мактаб аз 88 синфхона иборат буда, барои 460 хонанда пешбинӣ шудааст. Раиси ноҳияи Шуғнон мегӯяд, мактаб бо 1,8 миллион доллари Бонки исломии рушд бунёд шудааст: “Мактаб аз 2 ошёна иборат аст. 130 нафар дар он кор карда истодаанд. 70 нафар кормандони ширкати “Муродалӣ”, ғолиби тендер ва кормандони боқимонда аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҳастанд. Мактаб бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд”.

Азиз Гиёев афзуд, корҳои сохтмонии Раёсати кишоварзӣ 90 дарсад анҷом ёфтааст. Ӯ гуфт, интизор меравад, дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон Президент хишти нахустини сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияро гузорад.

Раиси Шуғнон дар бораи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат, биноҳои нотамом ва мушкили “Тоҷиксодиротбонк”Масъулини ҳукумати Шуғнон мегӯянд, ба истифода додани мактаби №11 дастрасии бошандагони атрофи ноҳияро ба таҳсил осон мекунад. Қарор аст, минбаъд хонандаҳои деҳаҳҳои Кушк, Баргид, Бувед ва Возм барои таҳсил ба ин мактаб фаро гирифта шаванд. Ин дар ҳолест ки донишомӯзони бархе аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Шуғнон чандин километрро тай намуда, ба мактаб мераванд. Қурбоншоҳ Ниёзбеков, мудири мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №48-и деҳаи Варшез ба “Озодагон” гуфт, баъзе хонандаҳо ҳудуди 6 километ роҳро тай намуда, барои дарсхонӣ меоянд: “Роҳ дур аст, лекин хонандаҳо сари вақт, саҳар соати 8 ба дарс ҳозир мешаванд”.

Дар баробари иншоотҳое, ки сохтмони он ба анҷом расидааст, дар ноҳияи Шуғнон сохтмони чандин бино, бо шумули Агентии шуғли аҳолӣ, бозори ноҳияи Шуғнон, меҳмонхона ва бинои таълимии литсеи касбӣ-техникӣ нотмам мондаанд. Масъулини ҳукумати ноҳия далели онро ба норасоии маблағу буҳрони молӣ рабт медиҳанд. Раиси ноҳияи Шуғнон мегӯяд, соҳибкороне, ки барои идомаи сохтмони иншоотҳои нотамом иқдом кардаанд, наметавонанд маблағи худро аз суръатҳисобашон дар намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар маркази ноҳия бигиранд: “Филиали “Тоҷиксодиротбонк” калавида истодааст ва мо ҳам аз ин зарар мебинем. Зеро баъзе фирмаҳо, аз қабили фирмаи “Мустафо”, “Мадад”, ки дар ин бонк суратҳисоб доранд, наметавонанд маблағашонро бигиранд”.

Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон афзуд, барои ҳалли ин масъала унвонии Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” мактуб фиристода, интизори посуханд.

Раиси Шуғнон дар бораи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат, биноҳои нотамом ва мушкили “Тоҷиксодиротбонк”Ноҳияи Шуғнон, ки 39,6 ҳазор аҳолӣ дошта, ба қавли масъулини ҳукумати ноҳия зиндагии бештари мардум аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ, чорводорӣ ва қисман кишоварзию боғдорӣ пеш меравад. Ба омори расмӣ беш аз 7,5 ҳазор сокини ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, ба иттилои оқои Гиёев солҳои охир ҳаҷми интиқоли маблағи онҳо коҳиш ёфтааст: “Маблағи муҳоҷирон барои оилаҳои сокинони ноҳия бисёр муҳим аст”.

11 май хатари кӯли сунъии Барсемро дар Шуғнон бартараф кардаанд. Ба қавли раиси ноҳия, ин кӯл дар пайи боришоти зиёд пайдо шуда буд ва дар сурати баркандан ба нерӯгоҳи “Помир энержӣ” хисорот ворид мекард. “Бар илова агар сел ояду тарма фарояд, то назди нергоҳ об пур шуда, мардуми Бадахшон бе барқ мемонад. Агар неругоҳ намебуд, барои мардум хатар надошт ва он ҷоро як макони тамошобобу истироҳатгоҳ мекардем”,-изҳор дошт Азиз Гиёев.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)