Бинои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Чойхонаи “Роҳат” 24 соат бе об мемонанд
Шаҳрдории Душанбе аз муваққатан қатъ шудани интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз соати 8:00-и рӯзи 18 май то соати 8:00-и рӯзи 19 майи соли равон дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ - кӯчаҳои Бохтар, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мирсаид Миршакар (биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чойхонаи “Роҳат”) интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Манбаъ далели ин тасмимро дар пайваст намудани қубури қутри 250 мм унвон кард. Масъулини шаҳрдории пойтахт аз сокинони кӯчаҳои мазкур даъват кардаанд, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 24 соат захира кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Аъламхон Қурбонов, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Файзуллохон Исупов, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф сохтааст, ки сокинони ин маҳаллаҳоро бо оби нушокӣ тавассути мошинҳои обкаш таъмин намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |