Боздошти сокини Мурғоб бо 5,5 кило “ёқут”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо марди 32-сола, сокини ноҳияи Мурғобро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, боздошти муттаҳам 17-уми май дар мавзеи Чамантали ноҳияи Мурғоб сурат гирифтааст: “Дар вақти кофтукоби аз боздоштшуда 5 килою 480 грамм сангҳои қимматбаҳои “ёқут”, дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки “тибқи моддаи 284-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |