Бахшҳо

Шевченко ҳукумату журналистони русро ба ҳимояти гӯрканҳои тоҷик даъват кард (ВИДЕО)

Максим Шевченко, рӯзноманигори маъруфи рус дар зимни баррасии муноқишаи маргбор дар қабристони “Хованское”-и Маскав аз тоҷикон тавсиф намудааст, ки ҳаққи ҳалоли худро аз авбошону мансабдорони фасодкор ҳимоят кардаанд.

Ин рӯзноманигор дар барномаи муаллифии видеоияш дар “Газета.ру”аш, ки “7 дақиқа бо Максим Шевченко” ном дорад, ин қазияро муқовимати мардумӣ алайҳи бедодгариҳои мақомдорони фасодкор ва шарикони ҷиноияшон арзёбӣ карда, аз давлати Русия хостааст, аз талошҳо барои бор кардани тамоми гуноҳ ба гардани тоҷикони ҳалолкору ҳақталошро ҷилавгирӣ кунад.

Шевченко барномаашро аз оғоз мекунад, ки кори вазнини ҷисмонӣ дар гӯристони Хованскоеро чун дар дигар минтақаҳои Русия муҳоҷирони меҳнатӣ -тоҷикон анҷом медиҳанд, аммо даромади асосиро сохторҳои бюрократию ҷиноӣ мегирифтаанд: “Тавре ба ман иттилоъ доданд, дар ин қабристон, ки муассисаи давлатии тобеи ҳукумати Маскав мебошад, ахиран роҳбарият иваз шудааст. Роҳбарияти нав қарор кардааст, ҳаҷми ҳақситонӣ аз муҳоҷиронро бештар кунанд, аммо тоҷикон боодобона рад кардаанд, ки ҳаққи кофӣ медиҳанду аз он бештар пардохт нахоҳанд кард”.

Рӯзноманигори шинохтаи Русия дар идома мегӯяд, роҳбарияти қабристон барои ҳалли қазия гуруҳи ҷиноии байналмилалӣ, бо шумули чечену доғистониҳоро ҷалб кардааст: “Ин муштзӯрҳои тануманд бо мошинҳои гаронбаҳо, Галендвагенҳо ва силоҳҳои оташфишон барои ҳалли мусолиматомези қазия ба қабристон омадаанд. Онҳо гумон кардаанд бо муҳоҷирони сархаму таҳқиршуда, ҳамон тавре ки бисёриҳо дар бораи тоҷикон фикр мекунанд, сарукор хоҳанд дошт. Аммо ман хотиррасон мекунам, халқи тоҷик соҳиби фарҳанги воло, аз ҷумла фарҳанги иҷтимоӣ мебошад, ки ба яке аз тамаддунҳои бузурги ҷаҳонӣ-тамаддуни Форс тааллуқ дорад. Шумо фикр накунед, тоҷикон, ки забони русиро хуб намедонанд, эҷодиёти Рӯдакию Фирдавсӣ ё Саъдиро намедонанд. Қариб ҳар тоҷик дар ҳар деҳа осори ин бузургонро медонад...”

Шевченко таъкидмекунад, ки тоҷикони соҳибфарҳанг меҳнати ҳалоли худ, ҳаққи ҳалоли худ, ҳаққи ҳузури худ дар Русияро бе пардохт ба авбошон ҳимоят кардаанд: “Вақте муштзӯрҳо ба сари тоҷикон омаданд то хамашон кунанд, зарба ба рӯй хӯрданд. Ин муштзӯрҳо бо тирпаронӣ рӯ ба фирор оварданд...”.

Муаллифи барнома ба боздошти даҳҳо тоҷик дар пайи ин қазия ишора намуда, изҳори умед кардааст, ҳамаи онҳо ба зудӣ озод хоҳанд шуд: “Давлати Русия бояд ин қазияро рӯшан созад ва талошҳо нашаванд, ки ҳамаи гуноҳ ба сари тоҷикон бор гарданд. Дар ҳоли ҳозир дар пасманзари лағви Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) бо сӯиистифода аз ин қазия бисёр бедодгариҳоро метавон кард. Ман умед дорам, журналистҳои Русия аз пайи онҳое нахоҳанд рафт, ки бо ишора ба ин қазия дар бораи сарозер шудани муҳоҷирони худозада ба Русия хоҳанд гуфт”.

Шевченко изҳор медорад, дар бораи нерӯ ва гуруҳҳое иттилоъ дорад, ки журналистонро муътақоид карданиянд, то барои сарозер шудани муҳоҷирон ба бозори поки Русия нависанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар ин бозор асосан мансабдорони ҷиноӣ авлавият доранд. Ин журналист изҳори умед мекунад, ҳамкасбонаш аз пайи чунин даъватҳо нахоҳанд рафт.

Дар хулоса Шевченко мегӯяд, ин қазия нишон дод, ки бюрократия дар бархе минтақаҳо аз ҳад гузаронда истодааст ва мардум омодаанд посух диҳанд: “Тоҷикон инро нишон доданд.. Ин қазия ба мо нишон дод, ки бо бедодгариҳои ҷиноӣ метавон ва бояд мубриза бурд. Биёед аз афроде пуштибонӣ кунем, ки ҳаққи ҳалоли худро аз авбошон ҳимоят кардаанд”.


ВИДЕОИ БАРНОМАИ МАКСИМ ШЕВЧЕНКО
Мӯҳр
Фанати Бобои Файз
Молодец Максим-ако!!!

мехмон
Вакти он расидааст , ки ин родмардро унвони ,,шахрванди ифтихории Точикистон " бояд дод !
Хама вакт дар химояи точикони мухочир хаст ва талош мекунад!! Аз баъзе намояндагони сафорат бисёртар гами точикро мехурад !!

Вафо
Худоро шукр ,ки шахсе пайдо шуд хакро гуфт,офарин шевченеко,хама вакт худо тарафдори хак аст.

Як чахон ташаккур, ба Шумо, мухтарам чаноби Максим. Ёд дорам, ки у чанд сол пеш бо таклифи Кабири ба Точикистон ташриф оварда буд...

ОФАРИН БАР ШУМО ОГОИ ШЕВЧЕНКО, АЗ АРЧГУЗОРИ ВА АДАМИ ЭХТИРОМ НИСБАТИ МАРДУМИ ТОЧИК

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)