Бахшҳо
19 май 2016 14:11Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари “миллатгарои дарборӣ”-и Русия ба Душанбе

Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия, ки бо изҳороту мавқеъгириҳои тундаш алайҳи тоҷикон маъруф аст, барои иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Душанбе меояд.

Тибқи иттилои раёсати созмон ҷаласаи СПАД дар Душанбе 20-уми май дар назар буда, ҳайати Русияро дар Тоҷикистон раҳбарӣ хоҳад кард.

Сафари Рогозин, ки дар Русия “миллатгарои дарборӣ” тахаллус гирифтааст, дар ҳоле сурат мегирад, ки Нуралӣ Давлат, журналист ва шореҳи сиёсии тоҷик пешниҳод кардааст, то Рогозин ба далели туҳмату таҳқирҳояш дар ҳаққи тоҷикон “персона нон-грат” эълон карда шавад. Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, Рогозин дар як китобаш беасос тоҷиконро дар қатл ва таҷовузи оммавии русҳо дар аввали солҳои 90-ум гунаҳкор кардааст: “Гӯиё моҳи феврали соли 1990 тоҷикон ҳудуди 1,5 ҳазор занону духтарони русро дар майдони назди Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе бо таҳдиди силоҳ таҳқиру таҷовуз кардаанд. Рогозин мегӯяд, солҳои 90-ум дар Тоҷикистон генотсиди русҳо буд, ки ягон асос надорад”.

Рогозин, ки вақтҳои охир мавриди интиқодҳои оммавии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ қарор гирифтааст, қаблан тоҷиконро интиқолдиҳандаи силоҳу нашъа ба Русия хонда буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо таҳқирҳояш нисбати тоҷикон маъруф буда, борҳо дар расонаҳои русӣ аз хушунати тоҷикон алайҳи русҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳорот додааст. Аз пешниҳодҳои ахири Рогозин алайҳи Тоҷикистон ин манъи рафтуомади қаторҳои Тоҷикистон ба Русия мебошад, чун ба ақидаи ӯ ин қаторҳо ҳомили нашъа ва вирусҳо мебошанд.
Мӯҳр
ук
Пик гуфта наметавонем ба Рогозин, чунки мардуми мо гуломи русхо аст. Хучаин гуломро шатта занад, гулом боз рахмат мегуяд.

Дарвеш
ба "ук"

Ту ай номи мардуми мо хакки сухан кардан надори. Гуломи дар майнаи сари инсон аст. Хар кас худаш рохи худашро интихоб менамояд. Баъд нисбати миллати худ чунин сухан кардан аз руи инсонигарию одоб нест. Кори сиёсати калонро дар Точикистон элитаи сиёси хал мекунад. Аз онхо бисер вобаста аст, ки мо кадом сиёсатро пеш мебарем. Яъне аз акли элитаю чиновникхои гирду атроф вобаста аст.
Дар масъалаи Рогозин ин як чиновники дуруя мебошад. Як вакт противи Путину Медведев баромад мекард баъд вазифаи чонишини сарвазири Россияра додан бо хамин косалеси Путин гардид. Алайхи миллати мо бисёр гапои ночоям гуфтагияй. Так что одами хуб нест.

Дарвеш,
Рост гфтести братка. Мо наминтарием

Рост меги братка. Мо намитарием. Гломи урусу як авлод

али
Кани он чавонону занон ки алайхи гурухи 24 у ХНИТу Кабири гирдихамои ташкилл карданд ?агар дар хакикат дилсузу гамгори миллатед бо плакатхову тухму помидор пешвоз гиред Рогозинро,агар чуръат доред аммо шумо ин чуръатро надоред.

Ман хаминро ба Шумо буродари Дарвеш гуфтани хастам ки, гулом набошем хам дастнигару вобастагиамон аз Русие хело бузургу бепоён аст Инчунин чноби Рогозин бе ягон мамоният ба мулки мо меояду бе ягон таъхиру зуровариву персонаи НОН-ГРАТ, боз бармегардад!. Ва боз мавкеъи миллатгароии худро нисбати мо точикон давом медихад. Чуноне ки, шоири шодравон Лоик Шерали гуфтаанд:-Точикам! дар ватани хеш чаро муттахамам?! Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам?!

Точико бадан Точикистон кавро мерава

Ronanda
"Narmii ziyodi mard in nishonai zanigarist" ,ba pesh davlatdoroni tojik ba sui nozu ishvahoi maftunkunanda! Rogozin meoyad tayoriro bined aga ne kursiho zeri poyaton melagzhad!

Саид,
аз он ки мо дастнигари хочахо гаштаем, худи мо гунахгорем, хар он чи ки бо мо рух медихад, созгораш моем. Точикистон як давлати кучаке аст. Дар урфият мегуянд "Деги майда тез мечушад" ва агар дахони дег пушида бошад боз хам тезтар. Наравед ба Русия, хеч кучо наравед, бимонед дар Точикистон, хизматгори хочаи рус нашавед, бехтараш хизматгори авлод бошеду дар хоки худ хизматгори кунед, шояд ки махсули мехнати шумо дегро тезтар бичушонад. Бале душвор мешавад, аммо фарзандонатон бехбудиро медидагистанд. Дунё ба умед.

Андрей Каримов
Вақте ҳукумати мо пиқ гуфта натавонад (сабабашро ҳама хуб медонем), мардуми бечораву саргардон дар Русия чихел пиқ гуяд?

Дарвеш
Файз
ПЕРСОНА НОН ГРАТА эълон кардани Рогозин аз руи акл гайримантик аст.
Боз 10 000 мухочири бечорая бароварда корхои ахмакигриашонро сар мекунанд. Конечно давлати бузург хеле хурд хастем. Зури бехуда миён мешиканад.
Лекин барои чи миллате, ки дар хакикат нобигахои асрро ба дунё тухфа намуд имруз дастнигару БЕЧОРА аст. Барои чи??????
Холо хам фарзандони баномус бисёранд Шукри Худо
Холо хам дер нашудааст. Мо бояд 10 - 20 сол ояндаро фикр карда ИМРУЗ кудакони точикро аз хурди омузем, ки бояд онхо ки бошанд ва дар оянда рохи дурусташонро ёбанд. Зехни кудакони точикро инкишоф тием ИНШОАЛЛОХ хамаш хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)