Бахшҳо

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои ёрӣ ба тоҷики аз ғуломӣ раҳошуда

Ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск барои ба Тоҷикистон фиристодани Аҳмад Маҳмадов, як муҳоҷири тоҷик, ки ахиран аз ғуломӣ раҳо ёфт, кумак мехоҳанд.

Фарида Курдашова, раҳбари созмони “Мигрант” (муҳоҷир) 18 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардаанд: “Ба Маҳмадназар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кардем. Мукотибаҳо ҳам дорем бо он кас. Аммо ҳоло ягон посухи мушаххас нагирифтем”.

Раҳбари ин созмони марбут ба ироаи кумакҳои иҷтимоӣ ва мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷи дуру наздик дар Мурманск мегӯяд, тайи ду моҳ мешавад, ба масъалаи кумак ба Аҳмад Маҳмадов машғул аст: “Ба ман нафарони зиёде занг зада, аҳволи Маҳмадовро мепурсанд, вале касе аз онҳо ба мо кумак намекунад. Диаспораҳои тоҷикон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав ёрии худро расонданд, ки мо аз онҳо миннатдорем”.

Хонум Курдашова вазъи саломатии ин муҳоҷири тоҷикро бад арзёбӣ карда гуфт, баъди раҳоӣ аз ғуломӣ дар Мурманск 45 рӯз дар беморхона бистарӣ буд. Ӯро 14 май ҷавоб додаанд: “Сараш осеб дидааст. Ҳолаташ зуд зуд бад мешавад. Вақти дар ғуломӣ будан, ба бадани вай чӣ доруе гузарондаанд. Чанд маротиба аз ташхиси тиббӣ гузарондем, аммо чизе муайян нашуд”.

Ҳомиёни ҳуқуқи Мурманск мегӯяд, талоши онҳо барои ба Тоҷикистон фиристодани Маҳмадов то зимистон аст. Мушкил ин аст, ки ин муҳоҷири тоҷик бо худ ягон санад надорад: “Ман аз ҳамаи онҳое ки имкони ёрӣ доданро доранд, даъват мекунам барои ба ватан фиристодани ӯ кумак расонанд. Зимистони Мурманск хеле садр аст ва бо ин вазъе ки Маҳмадов дорад, товони бардошти онро надорад”.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск қаблан хабар доданд, нафаре, ки муҳоҷири тоҷикро дар ғуломӣ нигоҳ доштааст, феълан дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.
Мӯҳр
Солех
Дар хамин Точикистон хам рузат мегузарат, чй худата хайф кардй, бача. Фарзанди кадом модар бошй, то имруз дилаш реш шудагист...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)