Бахшҳо

ВАО: Ҳамлагарон ба муҳоҷирони тоҷик дар Хованское варзишгарон будаанд

Тафтишот маълум карда, ки нафарони калидӣ дар занозании маргбори қабристони Хованскоеи Маскав самбочиён будаанд.

Нашрияи “Новая газета” менависад, миёни муттаҳамон дар ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд, Сергей Козлови 22-сола, қаҳрамони Маскав оид ба самбо ва ду варзишгари дигар -- Вячеслав Серови 22-сола ва Борис Рудакови 25-сола низ ҳастанд. Дар ин миён Никита Мошенко, яке аз намоёнтарин гумонбарони ҳуҷум ба Шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба навиштаи расонаҳо, ӯ дорандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба самбо дар солҳои 2014 ва 2015 буда, солҳои 2012 ва 2013 аз рӯи ин намуди варзиш қаҳрамони Русия шудааст. Ин варзишгарон аъзои ташкилоти “Миллати солим” ҳастанд.

Нашрия навиштааст, дар торнамои ин ташкилот ба як табрикномаи дастрасӣ ёфтааст, ки он ҷо Никита Мошенкоро қадрдонӣ кардаанд. Дар он табрикнома омадааст: “Никита Мошенко, узви “Миллати солим”-ро ба хотири гирифтани ҷойи 2-юм дар мусобиқаи шаҳри Минск ва соҳиб шудан ба унвони устоди варзиш дар намуди самбо табрик мекунем”.

Номи пурраси ин созмон “Миллати солим-шӯъбаи ҷавонони ташкилоти умумирусиягии ветеранҳои “Бародарии ҳарбӣ” мебошад.

Дар пайи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав дар рӯзи 14 май 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Мӯҳр
то ба кай ғарибем то ба кай асирем "бас ҷафо бас ситам эй адолат дар ҷаҳон субҳи шоди намо"ин мисраҳои устод Айниро хонда об аз чашмонам мерезад.афсус мо халқе гаштем дар ба дар овораю сарсон наход мо бе соҳиб бошем чаро ҳоли ғарибони тоҷикро касе намепурсад ман ҳамчун шаҳрванд аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам дар қонун боби алоҳидае дар бораи "муҳоҷир" таъсис дода шавад то ба шаҳрвандони муҳоҷири мо дасти ёри дароз кунад.Умед аз даргаҳат дорам,Шукрона ба сӯи ту кунам.Хор гаштем дар ин ҷаҳон,Ё Аллоҳ мададам кун.Бечораву ғарибем,Сарсону саргардонем.Аз модару падар дурем,Ё Аллоҳ мададам кун.Гаштем муҳоҷир эй Худо,С Бо сахтиҳо санҷиди моро,Охир нагир ҷони мо,Ё Аллоҳ мададам кун.Ватан ҷудо меҳан ҷудо,Модару фарзанду зан ҷудо,Эй падарҷон бидеҳ ту дуо,То Аллоҳ мадат кунад моро.Ман гуфтугӯ камтар кунам,Бархезаму кори худ кунам.То ки гирам музд аз раис,Ин пулҳоро ба Тоҷикистон рои кунам. бисёр ғалатҳо дорам аммо ин шер нест балки марсия аст. мо муҳоҷиро аз белу каланд гирифтана дастомо аз қалам дур шудааст.Озодагон озодона ин дарди дили муҳоҷира чоп кун зеро мо ҳамеша дар фикри тинҷию амони тоҷикистони азиз ҳастем ва мо ба ин шукр мекунем.

nabi farhor
Худо нигахдор бошад.Набоша бисёре аз миллатгароён,рушди мухочирони точики моро намехоханд.Дуо мекунам, ки Худованд дасти душманони точиконро кутох гардон,дигар аз дасти мо чизе намеояд.

Muhojir
nabi farhor,
Baroi chi ,az dasti mo chize nameoyad"? Charo bechoraholi mekuni? Az dasti mo hama kor meoyad, mo karib 9 mln. aholiem , ba sangparto sang zadan darkoru ba lagadzan lagat boyad zad.Bas baroi yak burida noni rus tamomi dashnomu tahkirro tahamul kardan.Ba tojikoni tarsu nafrati kas meoyad.

Офарин ба ин мухочирони точик дар таърихи Точикистони сохибистиклол бори нахуст аз точик будани ин миллат дифоъ карданд, дар мавриде ки тули ин 25 сол хукумати ин корро накарда буд. боре хам нашудааст, ки то ин вакт мо аксуламале бар зидди ноадолатихо нисбати миллатамон карда бошем. ба нафароне ки курбон шудан кахрамони миллии точик дода шавад (на Точикистон)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)