Бахшҳо

Макс Муллоқандов: Ватан мисли модар аст, наметавонем иваз кунем (ВИДЕО)

Макс Муллоқандов, яке аз пайвандони хонаводаи машҳури Муллоқандовҳо, ки аввоили солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро тарк карда буд, бо як сафари кутоҳ ба Ватан баргашт. Ӯ ба меҳмонии “Озодагон” омад ва дар бораи зиндагиаш дар хориҷи кишвар, дилбастагӣ ба Тоҷикистон, нақши яҳудиён дар ҳифзи фарҳанги тоҷикон ва кӯдакиҳояш қисса кард.

ОДАМҲОИ ДУШАНБЕ ДИГАР ШУДААНД

Озодагон: Чанд сол шуд, ки Душанберо надида будед?

Макс:
Дақиқан 25 сол шуд, ки тарки Ватан кардем. Моҳи майи соли 1991 аз инҷо рафтем, мутаассифона. Ва ин бори нахуст аст, ки ба Тоҷикистон баргаштам.

Озодагон: Ҳамроҳи Шумо рӯзноманигорҳо ҳам ҳастанд. Ҷолиб аст, ки мақсади Шумо аз ин сафар чӣ аст?

Макс:
Мақсади сафарамон ин аст, ки аз Ватани азизамон дидор кунем, зиёрат кунем. Ҷойҳое, ки дар онҳо бузург шудаам, бубинем ва ин “паҳлавон”-ҳо омаданд, ки филмбардорӣ кунанд ва Тоҷикистони азиз низ аз ин тариқ ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.

Озодагон: Баъди 25 сол Душанберо чӣ гуна дарёфтед?

Макс:
Баъд аз он ки аз фурудгоҳ берун омадам ва нафаси Ватанро кашидам, росташро бигӯям, оби чашмҳоям рехт. Бидуни ин ки битавонам худамро контрол кунам. Ба таври утумотик. Чунки мунтазири ин чиз набудам. Ман як каси эҳсосӣ нестам. Аммо ин як воқеъият аст. Оби чашмам рехт. Дар айни ҳол хурсанд будам. Аммо хеле тағйир ёфтааст...

Озодагон: Бале, мехостам аз ин бипурсам. Чӣ чизҳое дар Душанбе бисёр тағйир кардаанд?

Макс:
Аввалин чиз ин аст, ки биноҳояш дигар шудаанд. Кӯчаҳову хиёбонҳояш дигар шудаанд. Аҳолӣ дигар шудааст. Ман қазоват намекунам, ки бад ё хуб аст, аммо одамҳои Душанбе дигар шудаанд. Чеҳраҳо дигар шудаанд. Ҳатто лаҳҷаи душанбегӣ ҳам дигар шудааст. Вақтҳое ки ман ин ҷо будам бештар ба забони русӣ суҳбат мекарданд ва ба шеваи шимолӣ, ба истилоҳ “ленинободӣ”. Имрӯз бештар ба шеваи кӯлобӣ ҳарф мезананд, ки шахсан аз ин хурсанд ҳастам. Ҳамаи мо як миллатем. Аҳли куҷое, ки набошем. Аммо як воқеъият аст, ки қариб ҳама чизаш дигар шудааст.

Озодагон: Табиист, ки бар рафтори мардум ҳам дар кӯчаҳо таваҷҷуҳ мекунед. Ба назари Шумо кадом тағйире кардааст?

Макс:
Дар рафтори мардум чизеро мутаваҷеҳ нашудам. Хуб, рафтори тоҷикона аст. Меҳмоннавозиву одамдӯстӣ. Ҳамин аст.

Озодагон: Савори “маршрутка” ҳам шудед?

Макс:
Не. Чун корҳоямон зиёд аст, танҳо савори таксӣ мешавем.

Озодагон: Чӣ хотираҳое аз кӯдакӣ дар ёдатон монда?

Макс:
Бача будам. Дар ҳавлӣ бозӣ мекардем. Мактаб мерафтем. Дар хонаам, ки дар Гардиши фурудгоҳ буд, калон шудам.

Озодагон: Феълан касе аз пайвандонат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад?

Макс:
Як ҳамклос ёфтам, ки соли аввали донишгоҳ бо ҳам дарс мехондем. Бо он кас вохӯрдем. Дигар дӯстҳои фейсбукӣ ҳастанд.

Озодагон: Аз даврони кӯдакиатон касе нест?

Макс:
На, нест.

Озодагон: Куҷо рафтаанд?

Макс:
Русия, Амрико, Исроил, Олмон...дар тамоми ҷаҳон пароканда шуданд.

Озодагон: Хуб, ҳоло ки суол аз рафтан шуд, ҳамеша аз рафтани рустаборон ва ҳамин тур яҳудиён дар маҳфилҳо ёд мешавад ва далелашро ҳам ҳарчӣ мегӯянд. Ба назари Шумо далели аслии рафтани ин мардум чӣ буд?

Макс:
Иқтисод. Чизи дигаре нест.

Озодагон: Ҷанги шаҳрвандӣ...?

Макс:
Чун ёдам аст, ки ман як навҷавон будам ва мерафтам канисову бо одамон ҳарф мезадам. Онҳо мегуфтанд, ки мо ба ҳеч ваҷҳ намехоҳем аз инҷо берун равем. Инҷо Ватани мост. Аммо баъд аз он ки фурӯпошии Шӯравӣ шурӯъ шуд ва вазъи амниятӣ ва иқтисодӣ бад шуд, одамон ба рафтан шурӯъ карданд. Ҳеч сабаби дигар нест.



ҚАВМЕ Ё МИЛЛАТЕ БА НОМИ ЯҲУДӢ ВУҶУД НАДОРАД

Озодагон: Бо он ки 25 сол аз Тоҷикистон дур будед ҳанӯз ҳам онро ба ҳайси Ватани худ мешуморед?

Макс:
Бародари азиз, Ватан мисли модар аст, ки интхоб намекунему наметавонем иваз кунем. Модар ҳар касе, ки набошад, то абад модари шумост. Ватан ҳам ҳамин тур аст. Хуб ё бад бошад Ватан аст.

Озодагон: Ин эҳтимолро мебинед, ки рӯзе боз дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед?

Макс:
Мо инсонҳо аз мағзу дил иборат ҳастем. Дили ман мехоҳад фақат дар инҷо бошам. Аммо мағзи ман мегӯяд, ки мехоҳӣ хонавода дошта бошӣ, зану бача дошта бошӣ ва барояшон нон биёрӣ, ки инҷо ба назарам ин як кори каме душвор аст.

Озодагон: Дар Тоҷикистон ҳамеша аз яҳудиёни Бухоро суҳбат мешавад ва онҳоро ба хотири пос доштани фарҳанги тоҷикӣ хеле эҳтиром мекунанд. Чӣ чиз аст, ки намегузорад онҳо аз фарҳанги тоҷикӣ ҷудо шаванд?

Макс:
Дар замони Шӯравӣ мафҳумҳои миллату дину мазҳабу қавмиятро аслан иштибоҳ гирифтем. Ба назари шахсии ман қавме ё миллате ба номи яҳудӣ вуҷуд надорад. Ҳамун яҳудиҳои бухорие, ки мегӯед онҳо тоҷик ҳастанд, аммо дину мазҳабашон яҳудист. Дақиқан ба ҳамин хотир дар ҳар ҷое ки набошанд ин фарҳангро нигаҳ медоранд. Чун тоҷик ҳастанд сайъ мекунанд фарҳанги худашонро нигаҳ доранд.

Озодагон: Пас ҳамин истилоҳи “яҳудиёни Бухоро”, ки Шумо, зоҳиран, онро қабул надоред, аз куҷо пайдо шудааст?

Макс:
Ин аз як сиёсати ҳукумати Шӯравӣ, ки як фикри миллатсозӣ доштанд. Як теурии (теория) худашонро доштанд, мисол, мо бояд миллати узбаку тоҷику яҳудӣ бисозем, ки ба фикри ман ғалат аст. Мутаассифона, дар ин кишвар ҳоло ҳам узбекситезӣ вуҷуд дорад. Аз ин чиз хеле бадам меояд. Фикр мекунам мо тоҷику узбек як мардум ҳастем, ки ба ду забон суҳбат мекунем. Узбекҳо ҳам эронӣ ҳастанд, ки забонашон туркист. Мо эронӣ ҳастем, ки забонамон форсист ва бародарони бадахшониамон ба забонҳои худашон ҳарф мезананд. Мо ҳамаамон бахше аз Эронзамин ҳастем. Мазҳабҳои мухталиф, забонҳои мухталиф дорем, аммо фарҳангамон ҳамон фарҳанг аст.

Озодагон: Ҷамъияти бештари яҳудиёни Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Макс:
Исроил

Озодагон: Ба ғайр аз Исроил?

Макс:
Баъд аз Исроил Амрико, Утришу Конодову Устролиё ва дар Олмон ҳам ҳастанд.

Озодагон: Шумо аз ҳамон оғоз мустақиман Бритониё рафтед?

Макс:
На, ман соли 1991 рафтам Исроил. Қасде надоштам Тоҷикистонро тарк кунам. Ин замини азизро Ватани худ ҳисоб мекунам. Аммо рафтам. Чун як навҷавон будам хостам ҷаҳонро бубинам. Замони Шӯравӣ марзҳо баста буданд ва ин ки як аҳудӣ будам имконияти берун рафтан доштам ва аз он имконият истифода карда рафтам.

Озодагон: ...ва дигар бар нагаштед.

Макс:
Дигар бо сабабҳои мухталиф бар нагаштам.

МУЛЛОҚАНДИҲО ҲАМА ЯК АВЛОДАНД

Озодагон: Дар интернет бо ҳунармандоне дучор шудам, ки насаби Муллоқандов доранд. Барои мисол Авнер, Хайко ва Залмон. Инҳо хешовандони шумоянд?

Макс:
Ба истилоҳи тоҷикӣ Муллоқандиҳо ҳама як авлоданд. Як хонаводаанд.

Озодагон: Инҳо феълан дар қайди ҳаётанд?

Макс:
Авнер кайҳост, ки аз паси парда шуд.

Озодагон: Дуи дигар?

Макс:
Онҳоро намешиносам.

Озодагон: Шумо як ошпази бисёр чирадаст ҳам ҳастед. Чӣ тур шуд, ки як ошпаз шудед.

Макс Муллоқандов: Ватан мисли модар аст, наметавонем иваз кунем (ВИДЕО)Макс:
Вақте ки кӯдак будам мехостам ошпаз шавам. Аммо мо як фикр дорем ва Худованди таъоло “барнома”-и худашро дорад. Рафтам дар Исроил кор кардам. Вақте 40-сола шудам, яъне чор сол пеш гуфтам дигар наметавонам сабр кунам. Ҳамин алъон аз пайи орзӯям бишавам. Он замон бачаҳои худамон дар Ландан як тарабхонаи тоҷикӣ боз карданд. Рафтаму гуфтам, ки ман мехоҳам дар ошпазхона кор кунам. Онҳо маро қабул карданд. Аз он рӯз ба ошпазӣ шурӯъ кардам.

Озодагон: Оё имкон дорад, ки як ошпаз дар Ландан зиндагии худро бичархонад?

Макс:
Хеле душвор аст. Аммо мо таввакал ба Худо кардем. Бубинед, пул як чизест мисли саг. Агар аз пайи он бидавед аз шумо мегурезад. Агар аз он бигурезед аз пайи шумо медавад. Одам бояд аз пайи шуғлаш бошад. Аз пайи чизе, ки дӯсташ медорад. Пул баъдан меояд.

Суҳбати Сайф САФАР
Мӯҳр
Бародари азиз Макс Муллокандов хуш омади ба ватан.

Бухорои
ин ду нафар хар дуяшон бо меъёри забони точики ошно нест интонацияи гапашон хеле бад ва гайрифорсиву гайриточики хардуяш саволу чавобхо хеле гайритабии ва кудакона Сайф ки хасти нести намедонам, руи интонация ва охангин кардани гуиши точикият талош кун

Инсони самими ва начибе! Сухбатхояшро дар ФБ хам дучор шудаам. Хушам омад аз ин сухбат низ.

"Фикр мекунам мо тоҷику узбек як мардум ҳастем, ки ба ду забон суҳбат мекунем." - фикри мутлако галат точик, точик аст, узбак узбак!!!

nabi farhor
Дар с.1991 хамаатон аз Точикистон фирор кардед.Имруз бошад шарм надошта ватан мегуед.Намашуд,мисли дигарон дар Точикистон кору фаъолият кунед.Пеши худ суол гузоред Макс,ки дар Точикистон чи сахме гузоштаед ё нихоле сабз кардаед.Мисли Б.Собир гурехта рафт,имруз бошад дар Душанбе сохиби хонаю дар.Ту гурези,вай гурезад,ман гурезам,ватани моро ки нигоху бин мекунад.Ачабо,мо медонем хар кучое зиндаги кунем,зиндаги нагз гузарад хуб аст.Аммо дар ёди ватан ободии Точикистон фикр бояд кард.

ас
nabi farhor,

бародар набии фархори!ту шарм намедори аз ин сафсатахоят.

Созибкор
nabi farhor,
Вохима накунед, хамон ватанатон аз худатон. Лекин илтимос пулпурси набиеред назди мо. Озоди ташаккур

Сорбони Ошик.Нева
Яхудиени Тлчикистон,решахои худро аз Бухоро мешумориданд.Яхудиени Бухороги.Дар даврахои СССР онхо сарчамь танхо жар шахри Душанбе щиндагони мекарданд.Касби асосии онхо аслан навозандаги,фурушандаги,сартароши,суратги

Muhojir
Suhbati "garm" nabud. GUftori Sayf burodar hushku sohta sado medihad. Sayf goh vakt hondanihoi hub menavisad, vale behtarash baroi intervyu Irshodro bimoned.

Икбол
утуматик (автомати), хамклос (хамсинф). Ландан (Лондон). Нафархое хастанд, ки ин калимахои гайри точикиро намедонанд.

гуреза
Инхо медонистанд дар Точикистон чи гап мешавад, барои хамин хамаашон пешаки гурехтанд. Бисёр мардуми доноянд. Маълум буд, ки дар бораи ояндаи Точикистон хамон солхо бисёр чизхоро медонистанд. Аз чанги дохили хам бохабар буданд.
Акнун диданд, ки хама ором шуду пешравихо шуд, боз Ватан гуфта баргашта истодаанд. Инхо ватан надоранд, ватанашон он чоест, ки тинчию ороми бошад, серию пури бошад. Тамом!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)