Ҷавонон марди 66-соларо бо дег кушта, манзилашро ғорат кардаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони 23-сола, сокинони шаҳри Турсунзода хабар дод, ки дар содир намудани ҷинояти куштор муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршудаҳо тахминан соати 23:00-и шаби 13 май пинҳонӣ вориди манзили як сокини 66-солаи ин шаҳр шуда, бо воситаи бӯғӣ кардан ва бо дег ба сараш якчанд маротиба задан ӯро ба ҳалокат расонидаанд: “Сипас аз манзили истиқоматии марҳум 1037 сомонӣ маблағи пулӣ, як адад ноутбуки тамғаи “Тошиба” ва як адад телефони мобилии тамғаи “ТК”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Ба иттилои ВУД, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |