Бахшҳо

Рушанӣ барои Пешвои миллат, торикӣ ба мусофирон?

Вақте ба нақби “Истиқлол” наздик шудем ронанда мошинро дошт, берун баромад ва чароғҳои нақлиёташро санҷид, ки рушан мешавад ё на. Аз ӯ пурсидем, ки чаро чунин мекунад ва магар нақб рушан нест? Табассуме намуд ва гуфт, ки он рушанӣ барои Ҷаноби Олӣ будааст, чунки муддате аз сафари Ҷаноби Олӣ гузашту он чароғҳои нақб хомӯш ва ё нест шуданд.


Дар бораи нақби “Истиқлол” солҳои охир даҳҳо мақолаҳои танқидӣ чоп шудаанд. Ҳатто як нашрияи ғарбӣ ҳам ба “торикистон” будани нақб ишора карда, онро қабристон номида буд. Воқеан, вазъият дар дохили нақб вахим ва нигаронкунанда буд.

Аз як тараф ба саратон аз боло об мерехт, аз тарафи дигар, худи роҳи нақб торик, пуроб ва чуқуриҳои зиёд дошт ва мабодо мошин дар дохили нақб дармемонд, барои мусофирони он нақлиёт истодан хавфнок буд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳатто овозаҳое буданд, ки кадом мусофир дар дохили нақб фавтидааст. Шояд дар ҷаҳон ин гуна нақби сохтумонаш тӯлкашида ва ҳолаташ нигаронкунанда набуду набошад.

Яке аз сабабҳои ин хараҷу мараҷ ва тӯлкашии бунёди он дар маблағгузорӣ ва сохтумони он аз ҷониби эрониҳо буд. Фарзияҳое ҳам буданд, ки гӯиё ҷониби Эрон камтар аз рӯи қарордоди мувофиқашуда сохтумони нақбро ба уҳда гирифта бошад. Аммо чизи дигар рушан аст, ки “Истиқлол” моли Тоҷикистон аст ва намебоист бунёди он аз маблағгузорӣ ва ё хоҳиши кишвари дигар вобаста бошад. Ҳамагӣ шоҳид будем, ки ин нақбро ду ё се бор пардабардорӣ карданд, ҳатто президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар яке аз ин маросимҳо иштирок дошт.

Таври маълум ягона роҳи заминии пайвандгари Душанбе бо шимоли кишвар пулакӣ аст ва нақб ҳам дар ҳамин масир қарор дорад. Ширкати байналмилалии IRS аз соҳибони нақлиёте, ки аз Душанбе то Хуҷанд мераванд, пул мегирад, яъне, роҳи давлатиро пулакӣ кардааст. Дар назди яке аз пулчинакҳояш ин ширкат дар лавҳе навиштааст, ки ин роҳ бар уҳдаи ширкати байналмилалии IRS аст. Дар роҳ ҳам баъзе коргарони ин ширкатро ҳангоми таъмири майда дидан мумкин аст. Вазорати нақлиёт ҳам ба таъмири ин шоҳроҳ ва нақби “Истиқлол” машғул аст. Ҳол он ки мувофиқи мантиқу қойидаҳои мавҷуда ширкате, ки ин роҳро ба уҳда гирифтааст, шикасту рехташро низ ҳатман ба зимма бояд гирад.

Моҳи сентябри 2015 мо аз шимоли кишвар ба Душанбе бармегаштем ва аз нақб гузаштем. Он чӣ дидем, боварнокарданӣ буд, чунки коргарони зиёд ба таъмири роҳи нақб, обхушккунӣ ва рушаннамоии он машғул буданд. Намедонам, ин таъмир ташаббус ва амали ширкати IRS буд ва ё Вазорати нақлиёт (ҳарчанд зоҳиран ба ҳама маълум буд, ки ин кори вазорат). Ба ҳар ҳол нақша ва ё азми кадоме аз онҳо бошад, ин кори хуб буд.

Аз нақб мегузаштем ва дар сар як суол мепечид ва ҷавоби худро меҷӯст: Чаро дар нимаи дувуми соли 2015 якбора, ғайричашмдошт кор дар нақб ҷӯш зад? Чаро ба се кор дар як вақт даст заданд: роҳи нақбро ҳамвор мекарданд, сари обҳои ба роҳ мерехтаро мебастанд ва ба деворҳои он чароғҳои барқӣ насб мекарданд?

Ба ин суол посух намеёфтам. Зеро ҳамин қадар навиштанд, ҳамин қадар танқид карданд, лекин ин нақби шабеҳи гӯристон торик ва пур аз кӯлу чуқурӣ таъмир намешуд. Мегӯянд, ки вақт беҳтарин қозӣ аст.

Нимаи дувуми моҳи октябри соли 2015 муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафаре вилояти Суғд рафт ва аз ҳама аҷибаш он буд, ки худи раисиҷумҳур сари фармон нишаста, аз нақби “Истиқлол” гузашт! Баъд фаҳмидам, ки гап дар куҷо будааст! Яъне, ба шарафи ташрифи раҳбари давлат ба водии Зарафшон тавассути роҳи заминӣ нақбро рушан, хушк ва ҳамвор карда будаанд!

Албатта, хубтар мебуд, ба ин амали хайру савоб барвақттар даст мезаданд ва на ба сафари шахси аввали ҷумҳурӣ ин ободониро баста намекарданд, вале мардуми мусофир хеле хушбахт буданд, ки бигузор вобаста ба ташрифи муҳтарам Президент нақби гӯштишутурхӯрда ниҳоят табъи дил шуд.
Агар аз рӯи инсоф гӯем, анъанаи пеш аз сафари роҳбари давлат ободу тамиз кардани роҳҳо ва минтақаҳои баста ба он ташриф на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷриба шудааст. Аммо мақсади мо дар дигар ҷост. Ҳафтаи гузашта, яъне, нимаи аввали моҳи майи соли 2016 мо боз аз шимол тавассути нақб ба пойтахт баргаштем. Вақте ба нақби “Истиқлол” наздик шудем, ронанда мошинро дошт, берун баромад ва чароғҳои нақлиёташро санҷид, ки рушан мешавад ё на. Аз ӯ пурсидем, ки чаро ӯ чароғҳояшро санҷид ва магар нақб рушан нест. Табассуме намуд ва гуфт, ки он рушанӣ барои Ҷаноби Олӣ будааст, чунки муддате аз сафари Ҷаноби Олӣ гузашту он чароғҳои нақб хомӯш ва ё нест шуданд. Ба хаёлам, онҳоро гов хӯрд... Кош, як бори дигар Ҷаноби Олӣ аз ин нақб мегузаштанд...

Мошини мо боз аз рушанӣ ба зулмот ворид шуд. Танҳо дар километри якум ва ё дувум аз ҷониби шимол дар шифти нақб якчанд чароғ ҳамон қисмро андак равшан менамуд, боқӣ то баромад аз он боз торикистон буд. Маро сахт алам кард, ки то куҷо мо хушомад ба раҳбар мезанем? То куҷо мо худро ба раҳбар ширин мекунем? Охир ин амали нангин пинҳон намемонад. Шояд тавассути ин мақола ва ё идораҳои дахлдор муҳтарам Президент аллакай огаҳ аст, ки барои хокпошӣ ба чашми эшон ба муддати кӯтоҳ нақбро рушан кардаанд ва баъди муддате аз сафараш ҳоло боз он ба торикистон табдил шудааст.

Магар роҳбарони IRS ва Вазорати нақлиёт аз мардуми раҳгузар, ки тавассути онҳо ниҳодҳояшон амал мекунанд, ба курсии вазирӣ менишинанд ва ҷайбашонро пур мекунанд, шарм намедоранд? Ва ё чаро рушноӣ барои роҳбар будаасту торикӣ барои мардуми раҳгузар?

Сафои СОДИҚ

Бознашр аз ҳафтаномаи "Озодагон", №19 (424)
Мӯҳр
Шукубой
Хайр накб намефорад, через агба рав, ба хамон рохе, ки бародарони русат сохтаанд ку....

изатулло
падарта рахмат.хакикатнавис

Офарин бародар ошкоро магзи гапро гуфти. Ман аз ин накб бисёр гузаштаам ва холати накбро хуб медонам. Хаминро кайд мекунам, ки дар Точикистон мафхуми мардум, халк, раъият.... кайхо гум шудааст. Дар Точикистон факат Президент, пешво, асосгузори сулху вахдати мили, чаноби оли ва хешу табор ва ахли оилаи у хаст.

илохо сарвари давлат хар мох ба панчакенти мо сафар кунанд (омин)

ТОЧИК
Э баъзе одам ношукр мешавадда!!!
О хай аввал ин ки ягон бор шояд Чаноби оли баъди кушодашавии хамин тонели Истиклол через хамин тонел нагузашта бошад. Дигар ин ки хай мешавад холатхое ки дар тонелхо барк нест ё хавокаш кор намекунад. Аммо ба хар хол аз хамон агбаи барои хаёт сархо маротиба хатарнок бехтар аст ку???
Дигар баъзе журналист хамука вохима мекуна ки РОНАНДА ФАРОМАД ФАРХОЯШРО ПОРОВЕРКА КАРД ТОЗА КАРД МУЧЧИ КАРД, КИ АГАР ЩУМО НАМЕБУДЕД МАН ЧИ КОР МЕКАРДАМ... ва г.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)