Рогозин: Низоми раводид равобити Русияву Тоҷикистонро халалдор мекунад
Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Русия барои кишвараш лозим нест.
Баъди занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав якбора чанд мақоми Русия ҷорӣ шудани низоми раводид бо Тоҷикистонро пешниҳод карданд. Аммо Рогозин таъкид кардааст, низоми раводид равобити байнидавлатии ин ду кишварро халалдор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бояд низоми муҳоҷират танзим шавад. Муовини Дмитрий Медведев гуфтааст, Русия ва Тоҷикистон бояд дар шакли як коммисия ба мувофиқа биёянд ва якҷоя бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кор кунанд. Ӯ инчунин таъкид кардааст, ки диаспораи Тоҷикистон дар Русия бузург аст ва ба як созмондеҳии хуб ниёз дорад. Ба гуфтаи Рогозин роҳбарияти диаспора бояд намояндаҳоеро интихоб кунад, ки тавони дифоъ кардани ҳуқуқи тоҷиконро дошта бошад.
Дмитрий Рогозин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди Душанбе шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |