Бахшҳо

КМИР: 94,7% ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо раъй додаанд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, 94,7 дарсади раъйдиҳандаҳо ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси ин комиссия имрӯз, 23 май дар нишасти хабарие гуфт, дар ҳамапурсии рӯзи гузашта аз 4 миллону 402 нафари дорои ҳаққи раъй беш аз 4 миллиону 38 хазорашон овоз додаанд, ки 92 дарсадро ташкил медихад. Ӯ гуфт, ҳамагӣ 3,3% муқобили ворид кардани тағйирот ба Сарқонун раъй додаанд: "Ҷараёни овоздиҳӣ шаффоф гузашта, ҳанӯз ягон арзу шикоят ворид нашудааст".

Ҳамапурсӣ ба хотири ворид кардани тағйиру иловаҳо соати 6-и субҳи 22 май оғоз шуда, соати 20:00 анҷом ёфт.

Ҷараёни ҳамапурсиро 120 нозири байналмилалӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва корпуси дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон назорат кардаанд. Владимир Гаркун, раҳбари миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ гуфт, раванди раъйдиҳӣ дар фазои озод сурат гирифта, нозирон ягон хатои ҷиддиро мушоҳида накардаанд. Ван Кайвэн, муовини дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамапурсиро дар доираи қонунҳо баргузоршуда арзёбӣ намуда, гуфт, ҳеч қонуншикание ба қайд нагирифтаанд. Ӯ гуфт, раванди ҳамапурсиро шаффоф буд.

Сарқонун ё Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйирот ворид шудааст.

Муҳимтарин нукта дар тарҳи нави Қонуни асосӣ аз 35 ба 30 поин бурдани синни номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ва ба Эмомалӣ Раҳмон додани ҳаққи бемаҳдуд барои пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ маҳсуб меёбад.

МАТНИ КОМИЛИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ АСОСӢ:

1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
— қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;
— қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
3. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».
4. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
— дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
— қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».
6. Дар моддаи 14:
— дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;
— дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 15:
— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»;
— дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;
— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
8. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.
9. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад.
12. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.».
13. Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
14. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.».
15. Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 40:
— дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;
— дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад.
18. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 49:
— ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
— қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
— қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
— қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.».
20. Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.
21. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 61:
— дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд;
— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.».
23. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 65:
— қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»;
— қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.».
25. Дар моддаи 69:
— дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд;
— банди 12 хориҷ карда шавад;
— аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шаванд;
— дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
— бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.
26. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
27. Дар моддаи 73:
— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои «Аъзои Ҳукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд.
28. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
29. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ ВА ХУДИДОРАКУНӣ».
30. Дар моддаи 76 калимаҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 78:
— қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»;
— дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад;
— дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;
— дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.
32. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 84:
— дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;
— дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.
34. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.».
35. Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 89:
— қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.»;
— қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»;
— қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
— қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.
37. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
38. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
39. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
40. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӣ:
— қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд».
Мӯҳр
беном
Дар хакикат шаффоф гузашт. як нафар ба чои си нафар овоз дод. дар участкае ки бояд 1000 нафар овоз медод сад нафар хам иштирок накард. аз кучо ин ракамхоро мегуянд дар хайрат мемони.

али
Ана спектакли райпурсихам гузашт бо овози 95% тарафдори ба тагиру иловахо,аммо ман нафахмидам як чизро фарки байни чамоат аз Чамоатро,лутфан мефахмондед? "" дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад"".

Чавлон
али,
али,
Ҷ калон кардианд шармандаги

Аз 4 миллону 402 нафари дорои ҳаққи раъй беш аз 4 миллиону 38 хазорашон овоз додаанд, ки 92 дарсадро ташкил медихад.???????????
Ҳамин ҷумларо акаи Бахтиёр Худоёрзода мефаҳмида бошад??????????????
Ман ҳам донишгоҳ хондаам!!!!!!!!!!!!!!!!

nabi farhor
Салом.Фарки байни калимаи чамоат аз Чамоат ман фикр мекунам,харфи (Ч)-и калон аст.Аз ин тараф дар кучое,ки бо калиами чамоат во хурдем,хатман Чамоат бо харфи калон нависта мешавад.

Хукукшинос
Агар дар ЧТ _8 млн 200 х одам бошад - 4 млн 38 ха гуфта бошад = 4 млн 162 х нарафтагиҳо кати не гуфтагиҳо ( нарафтагиҳо серавно не овоз медодан) 51 фоиз НЕ. Чуба алиш каред?

мехмон
О ин 2000000 мухочир ба кадом фоиз дохил мешавад ? Ё моро хисоб накарданд ?

мехмон
Ба асосгузори вахдат ва сулх дахл надоштани конун демократияро дар Точикистон халалдор мекунад. Инро чомеаи чахони демократи кабул надорад! Хубтараш мо бояд чун Бухоро аморат бошем мисли Дубай!!!

точикистони нав
асосаш миллат ширкат накард

Дуруғи руи рост.. 4млн 400ҳазор ҳаққи райъдиҳи доранд аммо аз ин 4млн 2млн дар муҳоҷират мебошанд пас аз гуфтаи шумо бар меояд ки ҳамаи муҳоҷирон овоз додаанд!? На касе овоз надодааст балки худи шумо ба ҷои ин мардум кайҳо овозҳоро додаед...

кмир
бе овози шумохам ин коро мо хал кардем беном,

мушоҳида
халқ ба овоздиҳӣ нарафт!

ali
мегуянд...("ҶАРАЁНИ ОВОЗДИҲИ ШАФФОФ ГУЗАШТ, ҲАНУЗ ЯГОН АРЗУ ШИКОЯТ ВОРИД НАШУДАСТ") охай тамоми Сиёсатмадорон ё Рушанфикрон ва ё ҳизбои мухолифи давлатро ба ҳар баҳонае бурден зиндон карден ё аз кишвар берун кардед....ДИГАР ҲИЧКАС ҶУРАТИ АРЗУ ШИКОЯТ НАДОРАД!!! recourse

94% мукобил мегуфтанд бовар мекардам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)