Бахшҳо

Ё муҳоҷират ё ман: Шарти зан ба шавҳар ва маслиҳати Шӯрои уламо

Шӯрои уламои Тоҷикистон ба як марди тоҷик, ки нияти муҳоҷираташ аз ночорӣ боиси норозигии ҳамсараш шудааст, посух додааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилии ҳамаи кишварҳост.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Усмон муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки қабл аз хонадоршавӣ ба ҳамсари ояндааш гуфт, нияти муҳоҷирати меҳнатиро надорад: “Ҳамсарам пеш аз тӯй гуфта буд, шавҳаре, ки Русия меравад барояш лозим нест. Ман, ки нияти ба Русия рафтан надоштам, гуфтам намеравам. Аз тӯй 2 сол гузашт, имрӯзҳо ман барои беҳбудии зиндагӣ мехоҳам ба Русия равам. Ҳамсарам мегӯяд агар равӣ ҷудо мешавем. Лутфан бигӯед, агар ҷудо шавем, ман гунаҳкорам ё вай, бигӯед чӣ кор кунам?”

Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки аз ҷудо шудани як хонаводаи мусалмон, ғайр аз шайтон касе хурсанд намешавад: “Ин хоҳар бидонад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилии ҳамаи кишварҳост”.

Ин ниҳод бо зикри ноилоҷӣ муҳоҷирати Усмонро иҷоза додааст ва таъкид кардааст: “Фақат ҳуқуқи ҳамсардориро фаромӯш накунед. Монанди баъзеҳо, ки солҳо он ҷо мемонанд. Ба як маслиҳат биёед. Фикри ҷудоӣ накунед, зеро аз ҷудо шудани як хонаводаи мусулмон ғайр аз шайтон касе хурсанд намшавад. Хайру баракат дар зиндагӣ бо ҳамсар аст, на дар ҷудогию танҳоӣ”.
Мӯҳр
АгарАгар мушкили ҳама миллатҳост барои чӣ аз оилаи ҳамин Муфтӣ касе намеравад

Петя
Бародар Усмон..занатро гуй занакчон рафта аз Россия барои ту занчири тилло дасмонаи тилло ангуштарии тилло меорам..боз омада хонаи ду кабата месозам боз мошини киматбахо харида хардумон савор шуда ба хонаи шумо мехмони меравем ба хамаи ин хамаги чк сол лозим ааа чон з


иброхим
рост мегуяд хамин чавон

мехмон
Оё падару бобоёни мо дар асрхои 18-19 мухочират мерафтанд? Ман тарафдори он хохар ки ба мухочирати шавхараш монеъ шудааст. Агар вай ба пораи ноне ки дар Ватан меёбанд каноат кунад бехтарин зан ва хамсар аст!!! Мухочират моро аз зану фарзанд,падару модар дур мекунад. Аз мусалмони низ дур мекунад. Бародар агар занат намонад ,нарав! Ин ,,фатво''- и шурои уламо нодуруст хаст! Дар мамлакате ки чор фасли сол мувофики тавким меояд хеч кас аз гуруснаги намурдааст !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)