Сармураббии нав ҳайати тими миллӣ барои рақобат бо Бангладешро эълон кард
Ҳаким Фузайлов, сармураббии тозаинтихоби тими милли Тоҷикистон оид ба футбол ҳайати яккачини кишварро дар рақобат бо Бангладеш муаррифӣ кард.
Дар ин рақобат, ки дар чорчуби бозии марҳилаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 сурат мегирад, сармураббӣ 29 бозингар – 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба ин бозӣ легионерҳои кишвар Абдуазиз Махкамов, Фарход Восиев ва Ҷаҳонгир Эргашев низ даъват шудаанд. Бозии сабқати плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 миёни Тоҷикистон ва Бангладеш 2 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва даври ҷавобии он дар шаҳри Даккаи Бангладеш 7 июн баргузор мешавад.
Баъди нокомиҳои зиёди яккачини кишвар ва истеъфои Муҳсин Муҳаммадиеву аз вазифа сабукдуш шудани ҳайти мураббиён бо роҳбарии Мубин Эргашев, ин нахустин рақобати мунтахаби кишвар зери сармураббии нав Ҳаким Фузайлов хоҳад буд.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рақобат бо Бангладеш аз ин қабил аст: Дарвозабонҳо: Абдулазиз Маҳкамов (“Олой”, Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев (“Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”) Фатҳулло Бобоев (ССКА “Помир”); Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев (“Газовик”, Русия), Дороб Эргашев (“Регар-ТадАЗ”) Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (“Истиқлол”), Манучеҳр Аҳмадов аз (“Хуҷанд”) Табрези Далатмир ("Барқчи") Эраҷ Раҷабов (“Хайр“) Далерҷон Тухтасунов Ҳасан Рустамов (“Ҳосилот”); Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсон Панҷшанбе ("Барқчӣ”), Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (“Истиқлол”), Парвиз Ҳасанов (ССКА “Помир”), Умедҷон Шарифов ("Вахш“), Ромиш Ҷалилов (“Регар-ТадАЗ”); Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев (“Динамо”-и Брест, Беларус), Аҳтам Ҳамроқул (“Вахш”), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев ("Истиқлол"), Комил Саидов ("Барқчӣ”);
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |