Бахшҳо
24 май 2016 11:58Тоҷикистон / Сиёсат

Ваъдаи Колоколтсев ба Э.Раҳмон: Гунаҳкорони қазияи “Хованское”-ро ҷазо медиҳем...(ВИДЕО)

Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия имрӯз, 24-уми май дар пайи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, таҳқиқи қазияи “Хованское” зери назорати шахсияш ҳаст ва ҳамаи гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Колоколтсев дар пайи анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзноманигорон гуфт, “ман раисиҷумҳурро муътақид сохтам, ки ягон ҷинояткор, сарфи назар аз минтақаю миллаташ беҷазо нахоҳад монд. Ҳама мувофиқи амалашон посух хоҳанд дод”. Вазири умури дохилии Русия таъкид намуд, ки ҷинояткорӣ миллат надорад.

ВИДЕОИ изҳороти Колоколтсев баъди мулоқот бо Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, субҳи имрӯз, 24-уми май дар мулоқот бо Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия аз қатлу маҷруҳсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони “Хованское” изҳори нигаронӣ карда буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қазияи “Хованское”-ро ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик унвон кардааст, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд: “Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз қарорҳои ахири Ҳукумати Русия барои ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар зикр кардааст, ки бар асоси онҳо Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) лағв шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадамоти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Раҳбари Тоҷикистон дар пасманзари ин тағйирот таъкид ба татбиқи пайгиронаи тавофуқоте кардааст, ки то ҳол барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия ҳосил шудаанд.

Дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти муштарак бо Русия барои пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тавсиф карда, хостори ҳамкориҳои бештари мақомоти умури дохилии ду кишвар шудааст.
Мӯҳр
мехмон
Вохурии вазири рус бо президент ин мункин нест! Мушовирон ба чи кор машгулед? Ин вохури нисбати мансаб нобаробар хаст. Оё Путин Рамазон Рахимовро ё Шукурчон Зухуровро ба мулокоти як ба як мепазирад ? Не, харгиз намепазирад.

мехмон
РОСТИ ГАПА ГУФТИ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)