Бахшҳо
24 май 2016 12:41Тоҷикистон / Сиёсат

Убайдуллоев: Милисаҳои гунаҳкор дар қазияи “Ҳолӣ” муҷозот мешаванд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 24 май дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба қазияи латту кӯб ва таҳқири иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ аз сӯи кормандони милиса дар пойхтахт дахолат кардааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, Убайдуллоев зимни ҷаласа ба Гулнора Амиршоева, вакили халқии шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ кардааст, ки бетараф набуд ва қазияро ба шаҳрдорӣ ва раҳбарияти Вазорати умури дохилӣ расонд.

Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки дар пайи огоҳӣ аз қазия бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар тамос шуд ва қарор карданд, милисаҳое, ки дар ин қазия даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: “Миллисаҳои гунаҳкор ҳатман ёфт ва муҷозот мешаванд”.

Ба таъкиди Убайдуллоев, ҷомеаи мо бояд бо қонунҳо танзим шавад ва касе набояд дар ҳалли масоили марбут ба шаҳру сокинонаш бетараф бошад.

Дахолати Убайдуллоев дар ҳолест, ки 15 май бархе аз ҷавонону наврасони тоҷик баъди таҷлили ҷашни Ҳолӣ дар варзишгоҳи “Спартак” дар роҳ ба хона боздошт шуда, дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди латтукӯб ва таҳқир қарор гирифтаанд. Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шуд, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латту кӯб ва дашномдиҳии иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст.

Намояндагони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар пайи омӯзиши ин навор изҳор доштанд, ки маъмурини милиса тайи 16 дақиқаи сабт беш 25 бор боздоштшудаҳоро зада, дар навор садои 7 маъмур шунида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки баргузоркунандаҳои ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ба "Озодагон" изҳор доштанд, ки ин ҷашнро дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Вазорати корҳои дохилӣ гузарондаанд. Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, бархе аз ҷавонон, аз ҷумла ноболиғон танҳо барои он боздошт шудаанд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон раҳсипор шудаанд.
Мӯҳр
Мусофир
ҷашни Ҳолӣ дар точикистони мо чи маъно дорад .....барои чи милитсияи точикро танбех медиханд....офарин ба милитсияи точик ....чунин бесаводонро .....нагузоштан , ки чунин маъракахои бегонаро чашн гиранд......мабодо ягонафарат авлодат аз Хиндухо бошад, ба хиндустон куч банд .....мо бояд аз иду маросимхои худамон огох бошем ....милитсия набошад яхели мо мардум аз рамкаи одамгари барвахт баромада будем ...АХСАН БА МИЛИТСИЯИ ТОЧИК,,,,,,,,МАОШИ МИЛИТСАРО БОЯД ДАР САФИ АВВАЛ БАЛАНД БАРДОШТ......АХСАН БА МИЛИТСИЯИ ТОЧИК ,,,Рдиои Озоди озод бош.

Рост мегӣ бачам Мусофирхон. Нами Иди Қурбону Иди Рамазону Иди Наврӯз ҳам ба урус ҳич дахл надорад. Намози ҷмарам намитарӣ. Аку ҳамара мань кнан дар Русия? Йо ришмонивқ нумолбандирам мань шава дар Маскува?

Кавг
Ба мусофир

Агар фарзанди тра хамитари милиса лату куб кунад бе сабаб, баъд чи кор мекни?

Мухтарам Убайдуллоев, агар худи Шумо ин корро ба даст нагиред боз милиса ин бачаю духтаронро айбдор мекунаду халос. Дар тамоми дуне шарманда шудем.

Илохо, фарзандони и милисахора аз ин бадтар кун, ОМИН

карим
Мусофир,
туро ки вазифадор кардааст ки чашнхои точикира мухофиза куни?
чи мегуйи ки дар москва миллион нафар намози фитр мехонан?
чи мегуйи ки садхо кишвар навруза чашн мегиран??

Хонанада
Салом ба Хама, Точикон ин чашнро хамчун дилхушкуни баргузор кардаан, ва аммо хаст чашни Хелъун, чи ваё хаттто кардаанд ки ин чашнро гузарондаан, бо мувофика ба макомотхои кудрати расонидаанд,
Шумо мегуед ки ин чашни мо нест, чи Шумо Навруз-ро чахони карден ваё кайд мекунанд, ку навруз аз онхо нест ку, бояд мо хам фарханги якдигарро эътироф кунем, Точики мо ах ай пушти милатчиги таракиёт накардааст неки, мардум дар моху кайхо рафтан илму техника ба чое тараки кардай, Ин точики мо ин ай мо несту вай, Макомотхои кудрати назораташононро кунанд, ки ягон бетартиби дар рохои чамъият накунанд шид. Он коркуни милиса бояд 25-сол ба зиндон равона карда шавад ки ба кадри неъмати фарзанд расад ки фарзанд чи кадар ширинааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)