Барои наҷоти марде, ки қасди худкушӣ дошт, ду шери солмандро куштаанд
Дар яке аз Боғҳои ҳайвоноти Сантяго, пойтахти Чили ду шери солмандро куштаанд, то мардеро, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот бидиҳанд.
Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, марде аз панҷараҳои гузашта, либосҳои худро бадар мекунад ва назди шерҳо меравад. Шерҳо ба ӯ ҳамла мекунанд. Ин вақт дар Боғи ҳайвонот тамошобинҳои зиёде гирд омада будаанд. Кормандони Боғи ҳайвонот маҷбур шудаанд барои наҷоти ӯ шерҳоро бикушанд.
“Мо аз ин ҳолат “шок” шудем, зеро ҳайвоноти инҷо ҷузъе аз хонаводаҳои мо маҳсуб меёбанд”,-изҳор доштаанд кормандони Боғи ҳайвонот. Ба гуфтаи онҳо, ду шери кушташуда бештар аз 20 сол инҷо нигаҳдорӣ мешудаанд.
Марде, ки қасди худкушӣ дошт, бо ҷароҳатҳои зиёд ба беморхона мунтақил шудааст. Аз ҷайби ӯ навиштае ёфтаанд, аммо маълум нест, ки дар он чӣ навишта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |