Савченкоро бо Ерофееву Александров иваз намуданд
Надя Савченко, халабони низомии Украина аз зиндони Русия раҳо шуда, қарор аст ба Киев парвоз кунад.
Бино ба иттилои расонаҳо, Савченко бо Евгений Ерофеев ва Александр Александров, ду шаҳрванди Русия дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон доду гирифт шудааст. Ерофеев ва Александров, ки дар Киев зиндонӣ буданд, низ бо ҳавопаймое ба Маскав мераванд.
Қаблан, додгоҳ Надя Савченкоро барои даст доштан дар куштори ду хабарнигори рус 22 сол аз озодӣ маҳрум кард. Евгений Ерофеев ва Александр Александров бошанд, дар иштирок дар ҷангҳо аз ҷониби ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина муҷрим шинохта шуда ва 15 солӣ ҳукм гирифта буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |