Бахшҳо

Имтиёзи маъюбону ятимон ва сарбозони собиқ ҳангоми дохил шудан ба макотиби олӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз тағйиру иловаҳо ба қонуне ҳимоят карданд, ки ба маъюбон, ятимон, бепарасторон ва ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, додани имтиёз ҳангоми дохил шудан ба макотиби олии касбӣ тариқи Маркази милии тестиро пешбинӣ мекунад.

Бозоралӣ Неъмат, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” рӯзи 27 май дар Маҷлиси намояндагон гуфт, довталабони ятиму бепарастор, маъюб, маъюбони гуруҳи якум ва дуюм, ки тибқи хулосаи ниҳодҳои дахлдор таҳсили онҳо манъ нашудааст ва ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро паси сар намудаанд, ҳангоми дохил шудан соҳиби имтиёз хоҳанд шуд.

Раҳбари Маркази миллии тестӣ баъд аз қабули ин лоиҳа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар пояи тағйиру иловаҳо вобаста ба категорияи шаҳрвандон ба ятиму маъюбон 150 балл ва ба ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, 75 бали имтиёзӣ дода мешавад.

Бозоралӣ Неъмат дар мавриди маъюбоне, ки хоҳиши дохил шудан ба макотиби олиро доранд, гуфт, Маркази миллии тестӣ бо мақсади дастгирии ин гуруҳ ҳамасола рӯйхат тартиб дода, барои муайян намудани ба кадом гуруҳ мансуб будани онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат мекунад: “Комиссияи ташхиси тиббии ваколатдори давлатӣ онҳоро аз ташхис гузаронида, ба кадом гуруҳи маъюбӣ мансуб буданашонро муайян мекунад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)