Дуои Эмомалӣ Раҳмон барои шифои комили Навоз Шариф
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 30 май дар робита ба беморӣ ва ҷароҳии қалбӣ Навоз Шариф, сарвазири Покистон ба ӯ барқия ирсол намуда, барояш шифои комил хостааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, “аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам”.
Дар идомаи барқияи Президент омадааст: “Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам. Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |