Бахшҳо

Ташхиси носи Тоҷикистон дар Амрико: Ягон меъёр надорад, боиси саратон мешавад...

Наврӯз Ҷаъфаров, ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, носҳое, ки феълан дар кишвар таҳти ному брендҳои гуногун фурӯхта мешаванд, ягон меъёру стандарти давлатии тайёркунӣ надоранд.

Ҷаъфаров дар конфронси бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, ки ҳамасола 31-уми май таҷлил мешавад, гуфт носи Тоҷикистонро барои ташхис ба Амрикою Русия бурдаанд. Тибқи иттилоияи расмӣ ноиби вазир зикр кардааст, ки истеҳсолу тайёркунии нос дар маҳалҳои Тоҷикистон гуногун мебошад ва барои ташхис намудҳои гуногун аз минтақаҳои кишвар пешниҳод шуданд: “Ташхиси таркиби носҳои брендҳои гуногуни Тоҷикистон дар Амрико ва Русия муайян кард, ки нос аз сигор 10 маротиба бештар маводи кимёвии зараровару заҳролуд дорад”.

Ҷаъфаров гуфт, металҳое, ки дар таркиби нос дарёфт шуданд, ба касалии саратон оварда мерасонад: “Металлҳои вазнине, ки дар таркиби носанд, аз ҷумла малибден, сурб, ишқорҳо ва ғайра, пардаи луобии даҳонро вайрон мекунанду ба бемориҳои саратон ва захми меъда оварда мерасонанд”.

Нос дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон аксаран бо истифодаи хокистари дарахти арча ва дар шаҳрҳо бо оҳак ва ё хокистари поруи паррандагон тайёр мешавад.

Тибқи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 8,7 % мардони аз 15 то 59 солаи Тоҷикистон тамоку мекашанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қариб 40%-и мардон ва 3%-и занҳо дар деҳоти кишвар нос мекашанд ва сабаби асосии майли зиёд ба ин маводи заҳролуд арзонӣ ва дастрасии он арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Darvesh
ozodagon hamara jazir nakunen!!! Nos asosan az pusti safedor sokhta meshavad!!!!!!!!!!!

Шаф шаф накунеду гуед ки носкаширам бо ичозати хукумат
Мекунем патен кардан даркор! Нархи патенро сраза гап занед
Аз ягон чи сер накардед шояд аз пули нос сер кунед))

Носкашй ин шармандагии миллати бузурги точик аст, ки ягон идораи давлатй,ба хусус вазорати тандурустй ба манъи он ва ё конунй ва безарар гардонидани он машгул намешаванд. Ягона чизе ки мехохам "Озодагон" онро интишор диханд, байти машхури шоири мардумй Сайдалй Вализода аст: Хама нопокихоро нос карда, Дахонро мисли .ун ифлос карда!

.
Зоиршо,

Одами носи,
Бандаи асоси,
Одами бенос,
Бандаи беасос.

Доктор
Дар шариат ва аз назари дини Ислом нос маводи харом эьлон шудааст ва ба саломатии одамизод сахт зарар дорад. Ба касалии саратони чигар ва меьда оварда мерасонад.

.
Доктор,

Фарк надорад носкаш хасти е не, хама вакту соаташ омад мурда меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)