Бахшҳо
02 июн 2016 11:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мақомот: Талабаҳоро ташхис кардем, ҳамаашон сиҳат буданд

Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабари бад шудани вазъи саломатии боз даҳҳо мактабхони деҳаи Хоҷағалтонро шарҳ доданд.

Тавре аз мақомоти иҷроия, тандурустӣ ва маорифи Шамсиддини Шоҳин ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 1-уми июн талабаҳоро танҳо барои ташхиси дубора ба беморхона овардаанд: “Беш аз 20 нафар буданд ва баъди ташхис ҳама мураххас шуданд”.

Мусоҳибони “Озодагон” изҳор доштанд, ки корҳои поксозӣ дар мактаб идома доранд ва вазъи саломатии ҳамаи талабаҳо хуб мебошад: “Масъулини тиб дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ба ҳар нафаре, ки аз саломатияш шикоят мекунад, фавран кӯмак мерасонанд”.

Ин изҳороти мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ин ноҳия рӯзи 1-уми июн бо “Озодагон” дар тамос шуда, хабар доданд, ки вазъи саломатии боз даҳҳо мактабхон бад шудааст.

Аз ҷумла Ҳамрохон Икромов, падари яке аз талабаҳои ҷабрдида 1-уми июн ба “Озодагон” гуфт, “айни ҳол наздики 40 нафарро, ки дар мактаб вазъи саломатияшон бад шудааст, боз ба беморхона овардаем. Вазъи ду нафари онҳо вазнин аст, боқимондаҳо табобат гирифта, рафта истодаанд ”.

Ӯ афзуд, беҳушшавии мактабхонҳо баъди “дезинфексия”-е, ки “Саъдӣ”, як ташкилоти ғайридавлатӣ дар синфхонаҳо гузаронд, афзоиш ёфт. Икромов афзуд, ки чанд рӯз қабл низ ҳудуди 70 мактабхон аз ҳуш рафта буданд: “То ҳоле ҳеч кас масъулияти ин корро ба гардан нагирифтааст”.

Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи беҳушшавии мактабхонҳои деҳаи Хоҷағалтон изҳор доштанд, ки онҳо аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, баъди безараргардонӣ масъулини мактаб огоҳ карда шуданд, ки бояд 3 соат дару тирезаҳоро кушода монанду ҳуҷраҳоро бо латтаи нам пок созанд, ки риоя нагардидаст.
Мӯҳр
Салому Дуруд бар Миллати Шарифи Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Изхори хамдардии худро ба пайвандони атфоли чабрдида мерасонам, ва ба эшон сабри чамил- ро хохонам.
Ин кор бе шак, аз тарафи душманони Миллати Точик сурат гирифтаистодааст!
Барои ин чинояту, хиенатро ошкор кардан мутахасисони пуртачриба ва хирфаи лозим аст.
Аммо мутахсифона дар мо чунин мутахасисон вучуд надорад!
Наход дар як давлати сохибистиклол имкони муайян кардани ин бемориро набошад?
Ин хама Академику, Профессорхои дуругин ба чи кор машгуланд?.........

ы
Е аз носкаши е аз мводи мухаддир бехуш шудаанд.

nabi farhor
Ин чи хели дизинфексия аст,ки хамаи талабахо аз буйи хализи дору бехуш шудаанд.Кадом корхона ё гурухе,ки дору пошидааст,бигзор дар назди конун чавоб гуянд.Асри 21-ро бинед,то ин дарача бекали а.

Озодагон чи аз макомот метарси, дар сурати ХИНТ акс аз Озоди навиштаи дар ин акс бошад, аз Озоди гирифтаи номашро намондаи. Ахсанат, коил кардаи ба ин амалат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)