Бахшҳо

Ҷаримаи наздикони наҳзатиҳои маҳкумшуда барои итоат накардан ба пулис

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 5 нафар аз наздикони аъзои маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро барои итоат накардан ба пулис ба маблағи 40 сомонӣ ҷарима бастааст.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ баъд аз эълони ҳукми 14 аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз сӯи Додгоҳи олӣ гуфт, хостанд барои маслиҳат ба Дафтари СММ бираванд, аммо аз ҷониби мақомоти милисаи ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват шуданд: “Ман, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ ва ду нафари дигар ба назди СММ рафтем, хостем маслиҳат пурсем. Аммо аз назди бинои СММ кормандони милиса моро гирифта, ба идораашон бурданд”.

Хонум Ҷӯраева изҳор дошт, ки маъмурини пулис аввал аз онҳо сабаби муроҷиат ба СММ-ро пурсида, гуфтаанд, бояд аввал ба марҳилаҳои болоии Суди олии Тоҷикистон муроҷиат кунанд: “Гуфтанд аз ду кас, ки зиёд шудед, митинг мекунед, барои ҳамин ба ШКД овардем шуморо. Баъди бозпурсиҳо телефонҳоямонро гирифтем, ки ҳамаи рақамҳоро пок кардаанд. Дар ҳавлии идораи пулис интизори гирифтани шиносномаҳо будем, ки омаданду моро ба суд бурданд”.

Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки дар бинои додгоҳ бо тартиб додани санад ҳамаи 5 нафарро ба маблағи 40 сомонӣ ҷарима бастанд: “Гуфтанд ба шумо 10 рӯз муҳлат, ки ин маблағро пардохт кунед. Гуфтем надорем. Изҳор доштанд, ки хай шумо занакед, 30 сомонӣ пардохт кунед”.

Ба иттилои Ҷӯраева мақомот онҳор дар саркашӣ аз фармони пулис гунаҳкор кардааст: “Гуфтанд, дар назди идораи СММ баъди даъвати милисаҳо фавран омада ба мошин нанишастеду он ҷо истодед. Барои итоат накардан ба пулис бояд 15 рӯз ҳабс мешудед ё 200 сомонӣ ҷарима. Мегӯянд, шумо ҳақ надоштед, ки пеши бинои СММ равед”.

Ин дар ҳолест, ки навбатдори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур низ дар суҳбат бо “Озодагон” даъват ва бозпурсии наздикони наҳзатиҳои маҳкумшударо тасдиқ кард, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 2 июн ҳукми 14 аъзои аршади ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро эълон кард. Бар пояи ҳукми додгоҳ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ин ҳизб ҳабси абад гирифта, дигарон аз 2 то 28 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.


Акс аз радиои Озодӣ
Мӯҳр
Аз 14 узв чаро танхо ах оилаи 3 нафар? Чаро аз оилаи 14 нафар пеши дафтари смм намераванд?
Пеши смм танхо чои ахмадхуча аст танхо у бояд митинг ташкил кунад ончо дигарон хак надоран. Демократия танхо барои ахмадхуча аст

Худам
Ана хаминхо буданд, ки камбудии давлатро ошкор мекардан.

махмуд
давлат кариб буд, ки аз дасти ин хоинони ватан ба нести равад ва ин чазохо барои инхо ками мекунад

махмуд аз худованд кодиру тавоно дуо мекунам ки ту ва ахли ойлатро ба
ин мусибатеки ин бечорахо гирифтор шудаан, насибатон гардад омен

идрис
ман хайронам чаро ахмадхуча метавонистааст садхо одами гирифта митинг кунед аммо 4 заново барои маслихатпурси полис дастгир мекардааст кучост демократия

Фаввора гар буланд шавад сарнагун гардад.

Шарм бояд дошт чигуна занонеро ки мардонашонро пушти панчара бурдед боз чарима супоранд , аз сари гури падарашон оварда диханд?

Бахудо хама медонанд ки инхо бегуноханд.
Илохо ба фарёд ва охи дили мазлумин бирас омин.

идрис, Бародари гироми, хайрон нашавед. Ба Давлатхуча аз боло ичозат хаст, хохад 10000 нафарро хам гирд меоварад! Барои як лукмаи калонтар шуда, тайёр хаст хамаро ба коми оташ барад! "Адониси 14"!

точик
ХУДОВАНД хакро бар хакдор расонад ОМИН ОМИН ОМИН

Сино
Як пешниход ба Хукумати Точикистон хамаи ахлу байт ва хешу табори хамин аъзои ХНИТро паронед! Охир онхо дигар назди шумо кадри як мурчаро надоранд! Барои куштани чанд мурча шуморо касе чизе гуфта наметавонад! О хаëхам чизи хуб аст! Гурухи Аварнгарди шумо яъне аз ВКД кучое ки хохад чанд нафари ки хоханд рафта митингу эътироз мекунад хичгап неву ин модарону хамсарони бечора барои азизонаш ин корро карданд чиноят шуд?! Эй кормандони милисаву прокуратураву суд Шумо агар аз Худову халки Худо шарм намедоред хади акал назди вичдони худ хичолат намекашед?!?!?!

ДАР МО БОЯД КАМБУДИРО ОШКОР НАКУНИ ВАГАРНА ГОВСУДАТ МЕНАН ФАКАТ ШУКРОНА КУНЕД 1 ЧАХОН ТАШАККУР ГИЗОИ СОЛИМ ТАНАВУЛ КУНЕД

Огоҳ
Инро репрессия меноманд.
Як бесавод даҳо нафарро бурда дар назди сафоратхонаи аврупо эътироз мекунад, митинг набудаасту ин 4 модар барои адолатхоҳӣ ба назди дафтари СММ рафтаанд, боздошт ва ҷарима шуданд.

OBOE
Огоҳ,
A bacha i zanako yagontash khidsha nazdi TANGEM napartoftay???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)