Бахшҳо

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон: Эҳтимол Уктамҷон дар пайи бадрафторӣ фавтидааст

Баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, 2 июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷанд Уктамҷон Игамов, як сокини 37-солаи шаҳри Турсунзода ба ҳалокат расидааст. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, эҳтимол Игамов дар пайи бадрафторӣ фавтидааст.

Ин марказ бо пахши як изҳорот гуфтааст, Уктамҷон Игамов аз бемории гепатит ранҷ мебурд ва бидуни кумаки тиббӣ мондааст. Бино ба иттилои вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова Игамов 19 май бо иттиҳоми анҷоми ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта боздошт шуда, 28 май аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт: “2 июн дар ҳолати беҳушӣ ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ бурда шуд ва соати 15:40 даргузашт”.

Табибон далели фавти ӯро хунравии узвҳои ҳозима ва аз кор мондани гурда гуфтаанд. Адвокат мегӯяд, Уктамҷон аз гепатити “В” ранҷ мебурд ва ба истеъмоли дору ва ғизои махсус ниёз дошт: “Додгоҳ бояд вазъи саломатии зерҳимояи маро ба назар мегирифт ва иҷозаи боздошти ӯро намедод. Аммо вайро ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд. Тафтишро раёсати КДАМ дар вилояти Суғд бар уҳда дошт. Ба Игамов кумаки тиббӣ расонда нашудааст. Ҳангоми дидор бо зерҳимояам, мушоҳида кардам, ки вазъи саломатиаш хеле бад аст. Ҳоло шоҳиди марги ӯ шудам”.

Ба таъкиди Дилафрӯз Самадова, ҳар боздоштшуда ҳаққи муносибати дурустро дорад: “Зерҳимояи ман дар муассисаи пӯшида қарор дошт ва наметавонист мустақилона ба саломатии худ ғамхорӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аст, хубар медиҳад, дар робита ба ҳалокати Уктамҷон Игамов Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мӯҳр
Идрис
ман сад дар сад бовар дорам ки ин бародар аз шиканча фавтидааст зеро ба хама малым аст дар зиндонхои точикистон чи мегузарад ман бо тамомии масулият аз рузноманигор хози мекунам ки як бор рафта аз забони собик махбусон пурсанд ки дар сизохои мо чи мегузарад рафта тахкик кунед мушкилоти чомеаро ба мардум расонед мо имруз аввалан ба худо бадан ба шумо рузноманигорон умед дорам ки камбудихоро Ошкор кунед то ки ислох шаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)