Бахшҳо
03 июн 2016 16:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Устодони Донишгоҳи миллӣ: Ҳукумат бояд афвшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад

Гуруҳе аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайи як тадқиқот ба ин хулоса расидаанд, ки қонунҳои авфи кишвар ҳангоми татбиқ дучори як қатор мушкили ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҳастанд. Ин тадқиқот, ки бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон анҷом шудааст, имрӯз, 3 июн дар Душанбе муаррифӣ шуд.

Тадқиқоти мазкур, ки “Оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии татбиқи афв дар Тоҷикистон” ном дорад, қонунҳои марбут ба афви солҳои 2009, 2011 ва 2014-ро фаро гирифта, муаллифон омода набудани мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати қабули авфшудаҳоро яке аз проблеммаҳои аслӣ гуфтаанд. Чанд нуктаи дигаре, ки аз сӯи муаллифон таъкид шудааст, “маълумоти кофӣ надоштан оид ба миқдори шахсони авфшуда, аниқ надонистани макони буду боши онҳо ва набурдани корҳои профилактикӣ” мебошад.

Бар асоси хулосаи тадқиқот, ки аз якуми июли соли 2015 то 31 декабри 2015 гузаронда шудааст, аз 7 ҳазору 986 нафари бар пояи қонуни авфи соли 2014 озодшуда, 155 тани онҳо дубора ҷиноят содир кардаанд. 67 дарсади онҳо даст ба дуздӣ, 14 фоиз ба ҷиноятҳои марбут ба моддаҳои нашъадор, 5 фоиз ба қаллобӣ ва 7 фоиз ба авбошӣ даст задаанд. Гуруҳи муҳақиқони Донишгоҳи миллӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки сабаби дубора даст ба ҷиноят задани авфшудаҳо бекорӣ будааст. Вазъи сангини иқтисодӣ ва нашъамандӣ аз сабабҳои дигари “ретседивистӣ” ном бурда мешавад. Бар асоси ин тадқиқот қисми зиёди авфшудаҳо пеш аз содир намудани ҷиноят касб, шуғл ва ихтисоси муайян надоштаанд. Аз ин рӯ, муаллифони тадқиқот дар бахши тавсияҳо гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон бояд авфшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад. Инчунин тавсия шудааст, ки нисбати ноболиғони авфшуда муассисаҳои мутобиқсозӣ дар ҳар як минтақаҳои кишвар таъсис шаванд.
Мӯҳр
Нои
Чудо хам шух будаед, рафик профессорхо.
Одамхои сок чои кор пайдо карда наметавонанду, ки туремчика кор мета?

Идрис
БА НОИ
Бародари азиз ин махбусон сахт ба гамхори ниез доранд зеро мухити еду рафики бад е инки аз руи беакливу е аз руи нодори ба хар рох рафтанду худро ба махбас бурданд бояд бо ин тоифа ба чашми бад набояд нигарист

Ман пешниход мекардам, ки конуни авф баста шавад. Ин чи маъни дорад? Авал одамро гунахкор хисобида бади андаке боз уро авф мекунанд. Ин як намуд методи пулкоркуни барои структурахои хифзи хукук ва прокуратура мебошад. Аз ин икдомхои бемаъни шумораи чинояткорон зиёд шуда истодааст. Мисол маблаги пулиеро ё медуздад ё бо фиреб аз они худ мекунад ва сипас у меандешад, ки барои ин уро ба чавобгари мекашанду суд мекунанд. У микдори пулеро аз пулхои дуздидашуда барои ташкили авф пасандоз мекунад ва яке аз наздиконашро вобаст мекунад, ки пас аз мудате бо ин пулхо ягон корманди суд ё прокуратураро ёфта ва уро авф ташкил кунанд. Тамоми мардуми авф шуда бо додани пули калон ба озоди мебароянд ва ин онхоро боз хам чинояткор мекунад. Акалан калобонро авф накунанд чунки калоб аз одамкушу терорист баттар аст. У ба мардум зарари модии калон ворид мекунад, ки окибаташ фочиавор аст.

Шахсе аз мо як гурух коргарон микдори пули калонро бо рохи калоби тасаруф кард. У чавони камбагал нест балки пулдор аст. Шахрвании Россияро низ дар даст дорад. Мо ба макомот мурочиат кардем ва алайхи у бо ду модда (калоби ва сохтакории хучатхо) делои чинояти кушоданд. Холо у кариб ду сол аст, ки дар кофтуков карор дорад. У дар Россия мебошад хато чои гашту зиндагиашро маълум карда ба макомоти Россия хабар медихем, аммо намедоранд уро. У Тохир сокини ш. Душанбе мебошад Фахмидем, ки у мегуяд ман ин пулхоро додани нестам бигзор суд кунанд ва бо кисме аз ин пулхо ба амнисия афтида дар соли дигар мебароям. Падараш низ мегуяд бигзор уро суд кунанд. Магар ин адолат аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)