Бахшҳо

Дуо ба ҷои ду сомонӣ: Иқдоми ронандаи хатсайри 8 ба муносибати Рамазон

Як ронандаи мусофирбари хатсайри рақами 8-и шаҳри Душанбе ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон хизматрасониро барои мусофирон ройгон кардааст.

Ин сокини 56-солаи шаҳри Душанбе имрӯз, 6-уми июн дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон”, ки миёни мусофиронаш буд, гуфт намехоҳад ном ва аксаш нашр шаванд: “Ман ҳамасола барои ризои Худо дар рӯзи аввали моҳи Рамазон ва Иди Фитр хизматрасониро ройгон анҷом медиҳам. Аз субҳ ҳам аз дигар ронандаҳо ва ҳам мусофирон раҳмату дуои хайр гирифта истодаам, ки ин барои ман беҳтар аз пулу мол мебошад”. Ба суол, ки оё дигар ронандаҳо низ аз ин иқдом пайравӣ кардаанд ё на, мусоҳиби "Озодагон" гуфт, намедонад.

Маркази исломии Тоҷикистон аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро 6-уми июн муайян намуда, эълон кард, ки “мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар шуда, аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад”.

Мӯҳр
Суханони Хазрати Мухаммади Пайгамбар (с.а.в):
" Бидонед: бинотарин чашм он аст,ки дар рохи хайр боз шавад".

Aslam
Бехтарин Аллох, чазои хайрат дихад ва саффи чунин ашхосро зиёд намояд.
Аллох, дуст медорад некукоронро!

Манучехр
Раҳмат бар падару модарат! Дар касбат баракат ато кунад. Барои дигарон бояд ин дарси ибрат шавад.

nabi farhor
Офарин таго Худованд ин хел шахсони сахиро зиёда гардонад.Агар хар яке аз мансабдорони болои мо пули закоти худро диханд,бовари дорем кариб ки камбизоат намемонад.Касонеро меднем,ки миллион $ миллард ам доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)