Бахшҳо
07 июн 2016 08:35Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнат дар Тоҷикистонро боло бурд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши кормандони соҳаи буҷавиро боло бурд.

Бар асоси ин фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендия аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат 60 дарсад (400 сомонӣ) бештар мегардад.

Бар асоси ин фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендия аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат 60 дарсад (400 сомонӣ) бештар мегардад.

Баланд кардани маош дар ҳолест, ки соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон натавонист чунин як фармони Президентро ба иҷро бирасонад. Аз моҳи сентябри соли 2015 мебоист маоши кормандони соҳаи буҷавӣ боло бурда мешуд, аммо Вазорати молия эълон кард, бо далели камомади буҷаи давлат имкони баланд бардоштани маош вуҷуд надорад.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар шарҳи фармони ахири раисиҷумҳур гуфтааст, “дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз якуми июли соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 400 сомонӣ кам бошад”.

Бар асоси фармони нави Эмомалӣ Раҳмон акнун маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб-интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд: “Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 649 сомониро ташкил намояд, аз 1 июли соли ҷорӣ он ба 779 сомонӣ баробар мегардад”.

Манбаъ мегӯяд, дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад, ки маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ дошта, бо дарназардошти иловапулиҳо аз 1 июли соли ҷорӣ 1183 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касби, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин ба кормандони унвони илмӣ доштаи ин муассисаҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад.

Маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда мешавад: "Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад, ки андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 230 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 190 сомониро ташкил медиҳад”.

Дар ин робита, маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1310 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 1598 сомонӣ ва маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 810 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 998 сомонӣ баробар мегардад.

Маоши кормандони соҳаи илм 20 фоиз зиёд карда шуда, вобаста ба ин маоши вазифавии сарходими илмии Институтҳои академияҳои илмӣ ба ҳисоби миёна бо дарназардошти унвони илмӣ ба 1723 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои соҳавӣ ба 1121 сомонӣ расонида мешавад.

Музди меҳнати кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд 25 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1241 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 1005 сомонӣ расонида мешавад.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд ва дар ин робита маоши вазифавии мудири китобхонаи ноҳия аз 1 июли соли ҷорӣ ба 965 сомонӣ баробар мегардад.

Ҳақмузди хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, инчунин ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андоза 15 фоиз зиёд карда шудаанд: “Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 520 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 470 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёдшавӣ муқаррар карда шудааст”.

Музди меҳнати мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои ҳисоб намудани маоши вазифавии мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффисиентҳои тарифӣ 520 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавӣ музди меҳнати онҳо 15 фоизро ташкил медиҳад.

Барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум бошад, маоши заминавӣ барои ҳисоби намудани коэффисиентҳои тарифӣ ба андозаи 470 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро дар бар мегирад.
Маоши кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба андозаи 15 фоиз зиёд мегарданд.

“Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии нафақа низ мушаххас муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки андозаи он 156 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ ва зиёда фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳҳои II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд, ба андозаи 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда мешавад”,-хабар додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи фармони Президенти Тоҷикистон стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 30 фоиз боло бурда шуда, стипендияи Президентии донишҷуён аз 630 сомонӣ ба 819 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 756 сомонӣ ба 983 сомонӣ расонида мешавад: “Стипендияҳои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз 79 сомонӣ ба 103 сомонӣ расонида мешавад”.
Мӯҳр
мехмон
Стипендияи донишчу 103 сомони ба рохкиро мерасида бошад ? Бо стипендияи замони СССР мукоиса кунем агар он вакт 45 сум мегирифтанд.
Рохкиро----- 1,50 тин барои тамоми мох.
Ошхонаи махсус------ бо талони донишчу 13, 70 тин.
Хобгох ---- бе пул.
Хурок дар ошхонахои пархезии умуми ----- 50 тин ва шикам сер.
Донишчуе , ки стипендияи оли мегирифт ба падару модараш пул ёрдам мекард!!!
Чи гуна давлати сагерапарварро аз даст додем.

Дар Донишгохи Миллии Точикистон то имруз ступендияи донишчуёне ки факат бахои 4- у 5доштанд 96 сомони мегрифтаанд. Аку ин чи хел 6 сомини зиёд ё дигархелтар хол он ки он 96 сомони агар дар хобгох истикомат куниву факат ролтон гири дар як мох намерасад. Е ачиб даааа...


Бояд ба хаминаш шукрона кард. Ба хотири оне, ки имруз Точикистон дар миёни гургон тану танхо ватани хешро аз хучуми баъдхохон ва хиёнаткорон хифз намуда истодааст. Кури ки як бор аз сомонахои интенети истифода бари. Шумо танг назархо факат корат паст задани хукумати миллати точик мебошад. бародари МЕХМОН.....

мехмон
Ватандуст,
Ту худро Ватандуст меноми ? Мо хам Ватанамонро дуст медорем, Ватани мо СССР буд ва мемонад. Тангназар шумо хастед. Мо факат донишчуии худро бо хозира мукоиса кардем. Бо чунин стипендия аз кучо мутахассис мешаванд донишчуён? Мо паст намезанем хеч касро! Мо кур нестем ва мебинем ки зиндаги чи хел мушкил шуда истодааст. 103 сомони кам хаст . Аккалан 400 сомони мешуд дигар буд.
,,Ватандуст"

302А, Б ,В биология
Мо Шукрона кунем пеш рафта истодаем 1 сомон ҳам пул105 сомонам пул шукри истиқлолияти Давлати мекунам зеро мо зина зина мебароем ҳоло 25 сол дорем ! Тоҷикистон ба пеш ва пешвои милат раҳмат 100 сола шавед бо Шумо мефахрем .ХГУ -ДДХ Ба номи Бобоҷон Гафуров факултети Биология ва химия @

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)