Бахшҳо
07 июн 2016 09:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нигаронии Убайдуллоев аз “занозанӣ”-и мактаббачаҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз ҳолатҳои муноқишаи миёни хонандаҳои мактаб дар пойтахти кишвар нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев чунин ҳолатҳоро “натиҷаи бемасъулиятии масъулини Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавии милитсия дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ” унвон кардааст.

Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки 6 июн дар “Маркази равобити пойтахт” баргузор шуд, ҳушдор додааст, дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо “нисбати масъулин бо татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида мешаванд”.

Ин ҳушдори Убайдуллоев дар ҳолест, ки рӯзи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 7 хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11 дар Душанбе хабар дод, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд. Бино ба иттилои вазорат, дастгиршудаҳо ҳамроҳи як нафари дигар, ки таҳсил намекунад, "3 июн тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, якдигарро латукӯб намудаанд”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин занозании сокинони навраси Душанбе чор нафарашон ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд: “Феълан тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Мӯҳр
Беном
мухтарам Убайдуллоев! Дар мактабхои шахр ин кадар номаъкулихо мешавад, ки шумо Холо 1 фоизи онро хам намедонед. Факиров Х. Бошад доимо хама чизро рад мекунад. Агар як мох пули мохонаи мактабро насупори, рохбари синф катит кахри мешавад. Кани коррупция? Хамааш дуруг аст. Бас аст худнамои!

Вафо
Ба беном, хамаро ба сари мактаб напартоед, конуни ч,т. Дар масъулияти падару модар барои чи лозим бошад,

Вафо
Модоме,ки масъулияти падару модар хаст,чангу чанчол мешавад агар дар вакти соати дарси рух медихад директор,рохбари синф, муаллиме дар соати дарсаш буда чавоб гуянд,берун аз дарс бигузор волидайн чавобгу бошад.худатон казоват кунед хар шахси солимфикр фикр кунад,ки аз дарс берун номакули мекунад,бигузор волидайн чавоб дихад......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)