Бахшҳо
07 июн 2016 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

HRW: Ҳукми наҳзатиҳо “масхараи адолат” аст, мақомоти тоҷик бояд танбеҳ шаванд

Созмони “Дидбони ҳуқуқи башар”, “Кумитаи Ҳелсинкӣ” ва “Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна” бо пахши як изҳороти муштарак қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломиро ноодилона хондааст.

Муаллифони изҳорот, ки имрӯз, 7-уми июн нашр шудааст, маҳкумияти наҳзатиҳои аршадро нақзи бузурги адолат ва ҳуқуқу озодии баён хондаанд. Дар гузориши ин се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, ки намояндаҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба ин ҳукмҳо бо иқдоми ҷазоӣ алайҳи мақомоти тоҷик ҷавоб бидиҳанд, то беҳбудиҳои мушаххаси ҳуқуқи башар ба миён ояд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, гуфтааст, агар иҷоза дода шавад ин ҳукми золимона на танҳо ба мухолифини мусолиматомез, балки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарба мезанад: “Ин ҳукмҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кас дар Тоҷикистон метавонад мавриди барчасби ҷиноӣ қарор гирад ва ба осонӣ ба хотири розӣ набудан бо ҳукумат дучори муҷозот шавад”.

Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна гуфтааст: “Ҳадафи ин ҳукм саркӯби сиёсӣ буд. Ҷинояти муттаҳамон сохта ба назар мерасад, аммо сарнавишти онҳо аз пеш таъйин шуда буд. Ин масхара кардани адолат аст.”

Мариус Фосум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ дар ин гузориш гуфтааст: “Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ин тамасхури адолатро якдилона ва ба таври умумӣ маҳкум кунанд. Вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо суръати баланд дар ҳоли бадшавист ва фурсате расидааст, ки Вашингтон, Брюсел ва дигар бозигарон имкони иқдомоти танбеҳиро баррасӣ кунанд.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июн Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро ба 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳоро ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Як рӯз баъд аз ин ҳукми Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро интиқод кард. Дар ин гузориш аз қавли Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо мурофиаи аъзои ҲНИТ ношаффоф арзёбӣ шуда буд. Косянчич изҳор дошт, ки ҳаққи маҳкумшудаҳо барои мурофиаи мунсифонаи додгоҳӣ нақз шудааст: “Ин иқдом зидди уҳдадориҳои байналмилалист, ки Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Бояд далелҳои қотеи гунаҳкорӣ аз рӯи тамоми иттиҳомҳо пешниҳод мешуданд. Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон метавонад ба ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид кунад”.
Мӯҳр
мушфики
Кампири хамсояи мо хам медонад ноодилона...
Ман гапро чи кор кунам-а????

Точик
Геноциди миллат давом дорад!!!

Рустам
Инхоро чазои кам доданд. Агар хукми катл роич мешуд, бояд эъдом мешуданд. Ташкилотхои ба ном хукуки башар пули калон мегиранд, бинобар ин махкум мекунанд. Лекин барои Точикистони мо оромй ва сулх лозим аст. Онхо мехостанд хамин суботро бархам зананд. Боз хукм ноодилона будааст. Ба хамин мардако чй намерасид? Аз хочагонашон пули калон гирифта рохат карда мегаштанд. Давлату савлати зиёдтар мехостаанд. Лекин Худованд хаст ва мучозоташон кард. Аз худашон гиламанд шаванд.

Ачаб шахри дилорои Душанбе -- мардум акнун халос шуд мардум тарафдори сулху субот, тинчиву оромиро мехохад,

Рустам хамин руз дар сари ту хам биеяд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)