Бахшҳо
08 июн 2016 11:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон: Мушкилоти соҳаи илмро медонам...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8 июн дар ноҳияи Данғара расадхонаи байналмилалии «Санглох»-ро баъди 20 сол дубора фаъол карда, онро падидаи нек барои рушди илм арзёбӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур расадхонаи 6 ошёнаи “Санглох” бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ барқарор шуда, акнун дар он 30 нафар ба таври доимӣ кор хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расадхонаи «Санглох» гуфтааст, ин муассиса дорои телескопи нодире мебошад, ки соли 1980 аз кишвари Олмон оварда шудааст ва объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад: “Мавзеи ҷойгиршавии расадхона низ аз лиҳози амалияи илмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ниҳоят мусоид мебошад. Зеро дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 расида, акси ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона хуб намудор мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, мушкилотеро, ки дар соҳаи илм вуҷуд доранд, медонад ва барои ҳалли онҳо ҳукумат пайваста чораҷӯӣ карда истодааст. Ӯ зикр кардаст, ки фақат дар давоми даҳ соли охир ҳукумат, бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии кишвар, барои таъмини фаъолияти Академияи илмҳо ва рушди илм 300 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Раисиҷумҳур аз олимони Тоҷикистон даъват кардааст, ки таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба шумули физика, химия, биология эътибори ҷиддӣ диҳанд: “Масъалаи ихтироъкориву навоварӣ кашфу эҷоди техникаву технологияҳои нав ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани робитаи илму истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки бояд дар маркази диққати роҳбарони Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, инчунин роҳбарону кормандони илмии институтҳои дахлдор қарор дошта бошад”.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки дар баробари пешбурди таҳқиқоти илмӣ олимони мо ва умуман, кулли кормандони Академияи илмҳо ҳамчун гурӯҳ ё табақаи пешрави аҳли зиёи кишвар вазифадоранд, ки дар таблиғи дастовардҳои истиқлолият, моҳият ва нақши соҳибихтиёрӣ дар тақдири миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, илму донишомӯзӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон саъю талоши пайваста дошта бошанд.
Мӯҳр
Ман ҳам мушкили илми тоҷикро медонам. Не, кам пул ихтисос додан нест! Каммаошӣ ҳам нест! Ба назарам бузургтарин мусибат дар фазои илмии Тоҷикистон ба сарварии илм ва муассисаҳои илмӣ таин гаштани афроди ношоиста ва ғутавар дар фасод аст. Бовар намекунед? Бубинед сарвари институтҳои биология, забону адабиёт ва таърихи АУ ҶТ киро таин кардаанд. Муҳтарам кормандони агентии зидди коррупсия ва кумитаи амнияти миллӣ, як бор биёеду аз ҳамкорони онҳо дар Донишгоҳи миллӣ бипурсед ки ин "Бузургҳо" дар замони декан будан ба чӣ кор машғул буданд. Фақат як бор! Ё ҳоло дар Донишгоҳи миллӣ киҳо декан шудаанд. Касе ки ягон таълифоти илмӣ надорад, фақат ба хотири ҳамсабақи вазир ё ҳамшаҳрии ректор будан декан таин мекунанд. Баъд куҷо илм пеш меравад!!!(((((((((((((((((

Беном
холо барои гирифтани вазифа, мегуянд, ки ба ту як мухлати муайян вакт дода мешавад, зуд кори илми химоя намо! Баъдан ин нафар зуд маблаг пайдо мекунаду рохбареро мечуяд, ки онхо кори тайерро мефурушанд. Ана баъди чанд вакт ин шахси бесавод, номзади илм мешаваду, касеро гапзани намемонад. Донишманди босаводу камбагал бошад, зердасти чунин бесавод мегардад...

Muhojir
Саидҷаъфар,
Faktu dalel ,nomu nasafro injo binavised,ki "kahramonhoro" hama donad.

Bohemia
Хеч чизро хеч аз ин афрод балад нестанд, яке аз душманони забони точики ва илми асили точик худи хамин Окодеми аст, ки то хол барои ичозаи дифоъ ба забони точики мусоидат намеунад монеа эчод мекунад. Худи русия сад бор гуфт, ки отвяжитесь, отваливай!!! боз чи гуяд, бас будагист ин шармандаги дар илми точик. Тавоноии гузаштагони моро бинед ки навиштахои эшонро ба даххо вариант тарчума карде мехонанду меомузанд. шармандагии моро бинед, ки мехохем ба забони бегона мартабату иззатро сохиб шавем, ба бегонагон хазор сол даркор нестед, захмат накашеду барои мардуми худ кори илми кунед, ки як точики одди хонаду фахмаду бахравар шавад. Войи шумо, сад войи шумо.

Точик
Bohemia,
Мухим он нест, ки Шумо унвон гиред мухим он аст, ки илм пеш равад. Мушкилии асосии академияи илмхо ин оилави ва гурухи кардани илм аст ва аз тарафи дигар набудани маоши арзандаву перспективаи мушаххас. Аз он 300 миллион сомонии чудошуда бовари дорам ки аксарияташ барои таъмири хучрахои рохбарону барои сафархои хидматии онхо равона мешавад вале барои рушди илм хеч чиз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)