Бахшҳо

12 сол ҳабси Ҳасанов барои ғорати телефону 200 сомонии чиниҳо дар Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Януш Ҳасанови 30-соларо барои роҳзанӣ дар ҳолати хавфнок гунаҳкор дониста, ба муҳлати 12 сол равонаи зиндон намудааст.

Тибқи иттилои додгоҳ, Януш Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе бо ҳаммаслаконаш- Валиҷон Одинаев ва ноболиғон – Маъруф Акрамову Алиҷон Насриддинов, 2 феврали соли равон, тахминан соати 20:30 ду шаҳрванди Чинро ғорат кардаанд: “Дар роҳи пиёдагарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо корду занҷир алайҳи Хан Чанг Фу ва Ванг Ганг, шаҳрвандони Чин, ки дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2-и Душанбе ба ҳайси челонгари трубина кор мекардаанд, зӯроварӣ намуда, телефони 1500 сомонии Хан Чанг Фу ва 200 сомонии Ванг Гангро ғорат кардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, ғоратгарон баъди ду рӯз телефонро ба маблағи 300 сомонӣ ба Раҳимҷон Мирзоев, як шиносашон фурӯхтаанд: “Баъди фаъол кардани телефон кормандони милиса онро пайдо мекунанд ва Раҳимҷон Мирзоев изҳор доштааст, ки ҳангоми харидани телефони мазкур дар хусуси бо роҳи ҷиноят ба даст омаданаш маълумот надоштааст”.

Дар пайи баррасии қазия додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Януш Ҳасановро бар асоси моддаи 249, қисми 3 банди «д»- Кодекси ҷиноятӣ, роҳзанӣ дар ҳолати махсусан хавфнок гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум намудаст.
Мӯҳр
Darvesh
12 сол ҳабси Ҳасанов барои ғорати телефону 200 сомонии чиниҳо дар Душанбе..
AKHRINET PROSTO baroi telephone 12 sol az tojik ne az khitoi ... KOISHMAR SUDI MUHTARAM SUDYA

Озодагони мухтарам! Камтар хангоми нашри маколахо боахмият бошед. Нихоят чумлахои мураккаби печи дар печ менависед, ки лозим меояд чумларо ду-се бор хонд. “Дар роҳи пиёдагарди......" Як ба хамин чумлаатонахамият дихед. Содда карда нависед, ки хоно ва осонфахм бошад. Ташаккур.

Адолатчуй
Наход барои як телефон 12 сол диханд. Каллобоне,ки ними шахрро фиреб карда маблагхои зиёде ситондаанд,дар озоди гаштаандку? Чаро онхоро судхои мухтарами мо чазои лоик намедиханд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)