Бахшҳо

Эътирози маргбори ду дилдода дар Дӯстӣ: Худро аз ҷарии 100 метр партофтанд...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликӯли вилояти Хатлон ду дилдода - ҷавони 20-сола ва духтари 16-сола бо нишони эътироз худро аз баландии 100 метр поин партофтаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса тахминан соатҳои 07:30-и рӯзи 7 июн рух додааст. Манбаъ мегӯяд, ин ду дилдода баъди он ки волидонашон бо далели ноболиғ будани духтар барои оила барпо намудани онҳо розӣ нашудаанд, болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, даст ба дасти ҳамдигар гузошта, худро аз ҷарии 100 метр поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.
Мӯҳр
Мачнун
Ба хар хол ишки хакикй холо хам бокист!! Ё онхоро чавонони содда гуем???

Ман
Худо рахмат кунад духтари халокшударову, лекин инхоро беакл хам гуем хато намекунем. Оё чавони 20 акли онро надошт, ки то 18-солаги мумкин нест хонадоршави. Одам пеш аз ошик шудан бояд акли идоракунии онро дошта бошад. Бо аз чари паридан оё мубориза дар рохи ишк аст. Худкуши кардаан ва Худованд худкушонро харгиз намебахшад.

Иншоаллоҳ ҷои ҳардуятон дӯзахи сӯзон аст. Ҳар касе ки ғайри Аллоҳ ва расулашро ошиқ мешавад гирифтори қаҳру ғазаби Парвардигор мешавад.
Ишқҳое аз паси ранги бувад,
Ишқ набвад оқибат нанге бувад. (Аз маснавии маънави)

Эх чавони беакле дилат ба падару модари худат майли ба падару модари духтар насухт? Дар беморхона бистари шуданад дигар чи фоида.

Ошики дуруст аст. Шарт аст, ки арус ё домодро дар таги чодар дида "талхакаф" шавем. Бояд чавонон ошик шуда дида аз руйи мехру мухаббат оила барпо кунанд. Аммо ба дарачаи худкуши ё пеш аз никох зино карда гаштан катъиян нодуруст аст.

Gul
Ин ишки хакики не.ин беакли!агар ишки хакики мебуд бача ба воя расидани духтарро интизор мешуд.

озодам
Инхам яке аз нишонахои Киёматаст чи гунаеки ПАЁМБАРИ ХУДО МУХАММАДИ МУСТАФО С'А'В ГУФТАБУДАН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)