Як духтари 14-сола ба дарёи Зарафшон афтидааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ғарқшавии як навраси 14-сола дар шимоли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ориф Нозимов, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса чоршанбеи 8 июн дар ноҳияи Мастчоҳ ба вуқӯъ пайвастааст: “Гулизори Ғаффорбек дар мавзеи роҳи байни деҳаи Обурдон ва дашти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ аз куҳ сарозер шуда, дар дарёи Зарафшон ғарқ мешавад”.
Оқои Нозимов мегӯяд, ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ва мардуми деҳа ба ҷустуҷӯи ҷасади ин наврас машғуланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |